Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбози қирғиз дар дохили бинои додгоҳ худкушӣ кард


Сарбози қатории Департаменти муҳофизати муассисаҳои ислоҳӣ ва нигаҳдории зиндониён рӯзи 31 июл дар ҳоҷатхонаи додгоҳи ноҳияи Ленин бо силоҳ худкушӣ кард. Дар ин бора Хадамоти давлатии иҷрои ҷазои Қирғизистон хабар медиҳад.

Ба иттилои ниҳоди мазкур, ҳодиса тақрибан соати 15:43 дақиқа рух дод. Сарбоз аз ҷароҳати бардоштааш дар ҷои ҳодиса фавтид.

Кормандони пулис ва додситонӣ барои таҳқиқ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд.

Сарбози фавтида баҳори соли 2018 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда буд. Дар бораи сабабҳои худкушии сарбоз ҳануз иттилое нашр нашудааст.

Видеоҳои охирин

Тақдими шаҳрвандии Русия осонтар мешавад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:24 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG