Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, ки таҳримҳои зидди Русияро ҳифз мекунад


Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи душанбе сарвазири Италия Ҷузеппе Контеро дар Кохи сафед ба ҳузур пазируфт. "Ин шахсест, ки кори фавқулодаеро анҷом медиҳад", - изҳор дошт Трамп дар бораи сарвазири Италия.

Кохи сафед пештар хабар дод, ки "гуфтугӯҳо ба тақвияти ҳамкориҳо барои ҳалли низоъҳо ва пешрафти иқтисодии ҳар ду ҷониби Атлантика равона хоҳанд шуд".

Трамп дар суҳбат бо Конте ба бархурди Италия бо мушкили муҳоҷират баҳои баланд дод. Президенти ИМА гуфт, сарвазири Италия дар робита ба ҳифзи марзҳо аз мавҷи муҳоҷирон мавқеи тундеро пеша кард. Ба гуфтаи Трамп, ин кори раҳбарияти Италия дуруст буд.

Президенти ИМА дар мавриди иқдомҳои сиёсати хориҷӣ гуфт, таҳримҳои зидди Русия дар шакле, ки ҳастанд, мемонанд. Ӯ ҳамчунин мулоқоти худ бо раҳбари Куриёи Шимолиро муҳим номида, изҳор дошт, ки омодааст, бо президенти Эрон бидуни шарте вохӯрад.

Ҷузеппе Конте баъд аз интихоботи 4 марти соли равон, дар натиҷаи созиши эътилофии ду ҳизби сиёсӣ - "Лига" ва ҳаракати "Панҷ ситора" сарвазири Италия интихоб шуд.

XS
SM
MD
LG