Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: "Омодаам бо эрониҳо бидуни ҳеҷ шарте мулоқот кунам"


Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи душанбе бори дигар эълон кардааст, ки омода аст бо раҳбарони Эрон мулоқот кунад ва гуфт, "ҳеҷ шарти пешакӣ дар ин замина надорад."

Трамп омодааст бо Рӯҳонӣ мулоқот кунад

Доналд Трамп дар як нишасти хабарии муштарак бо нахуствазири Италия дар посух ба ин пурсиш, ки оё ҳозир аст бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон мулоқот кунад, ин изҳоротро баён кард. Вай гуфт, "ман қатъан омодаам" бо раиси ҷумҳури Эрон мулоқот кунам. Агар вай моил ба ин кор бошад, ин мулоқот бидуни ҳеҷ шарте хоҳад буд."

Президентҳои Амрико ва Эрон дар ҳафтаҳои ахир ҷанги лафзӣ алайҳи якдигарро сахттар кардаанд.

Мақомоти Эрон пеш аз ин борҳо музокира бо Амрикоро рад карда буданд. Баҳром Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи душанбе гузоришҳо дар ин бора, ки сафари вазири умури хориҷии Уммон ба Вашингтон ба ҳадафи миёнҷигарӣ байни Эрон ва Амрико сурат гирифтааст, радд кард ва гуфт, "бо ин Амрико ва сиёсатҳое, ки дар пеш гирифта, қатъан имкони муомила ва гуфтугӯ вуҷуд нахоҳад дошт."

Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, "ман қатъан хоҳони мулоқот бо эрониҳо ҳастам, агар онҳо бихоҳанд. Намедонам оё дар ҳоли ҳозир омодагии чунин кореро доранд. Ман ба созиш бо Эрон поён додам. Созиши хандаовар буд. Ман бовар дорам, ки онҳо эҳтимол дар пайи мулоқот ҳастанд ва омодаам ҳар вақте, ки бихоҳанд, бо онҳо мулоқот дошта бошам."

Вай афзуд, ки ба баргузор шудани мулоқот бовар дорад ва ба дидори ахираш бо Ким Чен Ун, раҳбари Кореяи шимолӣ, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ишора кард. Оқои Трамп дар айни ҳол ҳушдор дод, ки ба Эрон "ҳаргиз иҷоза нахоҳад" то ба силоҳи ҳастаӣ дастрасӣ пайдо кунад.

Амрико ва созиши ҳастаӣ бо Эрон

Вай дар авоили моҳи майи соли ҷорӣ Амрикоро аз созиши ҳастаӣ бо Эрон берун кард ва гуфт, ки таҳримҳои Вашингтон алайҳи Теҳронро боз хоҳад гардонд.

Ҳамон замон, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон дар вокуниши сахт ба ин иқдоми Амрико гуфт, "миллати Эрон бо қудрат истода онҳо (президентҳои қаблӣ) мурданд ва устухонҳояшон ҳам пӯсид ва Ҷумҳурии исломӣ ҳамчунон ҳаст. Ин оқо ҳам хок хоҳад шуд ва баданаш хӯроки мор ва мӯр мешавад ва Ҷумҳурии исломӣ ҳамчунин ҳам хоҳад истод."

Президентҳои Амрико ва Эрон дар ҳафтаҳои ахир ҷанги лафзӣ алайҳи якдигар сахттар кардаанд. Пас аз он, ки Ҳасани Рӯҳонӣ ҷанг бо Эронро "модари ҷангҳо ва сулҳ бо Эронро модари сулҳҳо" хонд, оқои Трамп ба ӯ ҳушдор дод, ки "дигар ҳаргиз Амрикро таҳдид накун."

Таниш ба Амрико ва Эрон

Дар ҳамин ҳол, Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Амрико гуфта буд, "дар чанд рӯзи гузашт бо раиси ҷумҳур Трамп суҳбат кардем ва ӯ ба ман гуфт, ки агар Эрон ҳар гуна амали манфӣ бикунад, ончунон баҳои хоҳад пардохт, ки кишварҳои каме қабл аз ин пардохтаанд."

Чанд моҳ қабл беш аз сад фаъоли сиёсӣ ва маданӣ дар дохил ва хориҷи Эрон дар баёнияе бо ишора ба истиқболи ҷаҳонӣ аз мулоқоти раиси ҷумҳури Амрико бо раҳбари Кореяи шимолӣ ва "вазъияти пурхатари минтақа", хостори музокираи мустақим ва бидуни ҳеҷ шарти пешакӣ" байни Эрон ва Амрико шуда буданд.

Чеҳраҳои расонаҳои наздик ба усулгароён ба шиддат ба ин пешниҳод ҳамла карданд ва имзокунандагони номаро ба "хиёнат" муттаҳам намуда буданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG