Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Амрико додгоҳи Пол Манафорт оғоз мешавад


Ёвари пешини Трамп дар маъракаи интихоботӣ

Пол Манафорт аз нахустин ёварони раиси ҷумҳури ИМА Доналд Трамп аст, ки рӯзи сешанбе дар ростои додгоҳи канораҳои Вашингтон, қарор мегирад. Муфаттишони федеролӣ, ки ба омӯзиши дахолат дар умури интихоботи Амрико машғул ҳастанд, Манафортро ба тақаллуби бонкӣ ва молиётӣ муттаҳам карданд.

Агарчӣ қазия ба ҷиноятҳои иқтисодӣ рабт дорад, аммо мурофиаи додгоҳӣ барои Пол Манафорт, нафаре, ки маъракаи интихоботии Трампро дар тӯли се моҳ раҳбарӣ кард ва моҳи июни соли 2016 барои дарёфти маводи бадномкунандаи зидди Клинтон бо намояндагони Русия мулоқот анҷом дод, метавонад натиҷаи харобиовар ба бор биёрад.

Ба гуфтаи хабаргузории Reuters, прокурори вежа барои омӯзиши комили робитаҳои Манафорт бо Русия метавонад фаротар равад. Моҳи гузашта тими Мюллер исбот кард, ки олигархи рус Олег Дерипаска, ки бо президент Путин робитаҳои қавӣ дорад, ба Манафорт ба маблағи 10 миллион доллар қарз додааст.

Тими Мюллер барои пешниҳоди қазия ба додгоҳ аз 8 то 10 рӯз вақт дорад. Худи мурофиа ҳудудан се моҳ идома мекунад.

Видеоҳои охирин

Навори аз по афтидани Фахриддин Собиров нашр шуд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:17:38 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG