Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон: Амрико метавонад шарики боэътимодро аз даст диҳад


Раҷаб Тайиб Эрдуғон
Раҷаб Тайиб Эрдуғон

Раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба таҳдиди президенти ИМА Доналд Трамп, ки гуфтааст, агар роҳиби амрикоӣ Энрю Брансон озод нашвад алайҳи Анкара таҳрим ҷорӣ мекунад, посух дод. Брансон ду сол боз дар Туркия таҳти боздошт қарор дорад.

"Мо дар баробари фишор гузашт намекунам, аммо Амрико метавонад як шарики бисёр муҳим ва содиқро аз даст диҳад"- гуфт Эрдуғон ба хабарнигорон ҳангоми сафараш ба Африқои Ҷанубӣ. Ӯ ҳамчунин хабари нашрияи The Washington Post- ро тасдиқ кард, ки Доналд Трамп бо хоҳиши ӯ озодии як шаҳрванди Туркияро аз Исроил дархост кард. Ин зан бо гумони терроризм боздошт шудааст. Эрдуғон гуфт, ки ба ивази ин миёнҷигӣ озодии Брансонро ваъда надода буд.

Аммо дар Вашингтон мегӯянд, ки дар ҷаласаи ахири НАТО дар Брюссел дақиқан ҳамин тааҳуд ҳосил шуда буд.

Эндою Брансон 20 сол боз дар Туркия зиндагӣ мекунад. Ӯ ҳафтаи гузашта аз маҳбас озод шуд, аммо то охири мурофиаи додгоҳӣ таҳти боздошти хонагӣ қарор гирифт. Туркия Брансонро ба ҷосусӣ, терроризм ва даст доштан дар талоши табаддулоти соли 2016 муттҳам мекунад. Вашингтон мегӯяд, ки Брансон бегуноҳ аст.

XS
SM
MD
LG