Имрон Хон Пешвои мухолифони давлат дар Покистон мегӯяд, барои таъсиси ҳукумати эътилофӣ ҳимояти кофии вакилони порлумонро ба даст овардааст.
Ҳизби ӯ дар интихоботи рӯзи 25-уми июл курсиҳои зиёдеро дар порлумон соҳиб шуд, вале на ба ҳадде ки тавонад мустақилона ҳукумат таъсис диҳад. Фавод Чудрӣ, сухангӯи Таҳрики Инсоф ба раҳбарии Имрон Хон рӯзи 28-уми июл ба хабаргузории “Ассосиейтед Пресс” гуфтааст, “Мардум ба мо раъй доданд ва Худо хоҳад, мо ҳукуматро ташкил мекунем”.
Фавод Чудрӣ нагуфтааст, чанд нафар аз вакилон омодаанд, ба тарафдории ҳукумати эътилофӣ раъй бидиҳанд, вале афзудааст, ки ҷузъиётро ҳафтаи оянда зимни қасам ёд кардани вакилон дар Шӯрои миллии Покистон эълон мекунанд.
Кумиссиёни интихоботии Покистон рӯзи 28-уми июл натиҷаҳои ниҳоии интихоботро эълон кард. Бар асоси он Ҳизби Таҳрики Инсоф аз миёни 269 курсии порлумон 115-тои онро ба даст овардааст. Ҳизби ҳоким ба номи Ҳизби Робитаи Мусулмонон (ҷиноҳи Навоз Шариф” 64 курсиро соҳиб шудааст. Худи Навоз Шариф ҳоло дар зиндон аст.