Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як нафари дигар барои қатли варзишгар


Денис Тен аз раққосони шинохтаи рӯи ях дар Қазоқистон буд.
Денис Тен аз раққосони шинохтаи рӯи ях дар Қазоқистон буд.

Мақомоти интизомии Қазоқистон як нафари дигарро дар робита ба қатли Денис Тен, раққоси шинохтаи рӯи ях ва барандаи медали олимпӣ дастгир кардаанд.

Марат Аҳмадҷонов, муовини додситони кулли Қазоқистон рӯзи 27-уми июл гуфт, фарди саввум барои пинҳон доштани ҷиноят дастгир шуд. Номи муттаҳам ба ҷиноятро нагуфтаанд.

Дар робита ба қатли варзишгари шинохта ҳафтаи гузашта ду нафар Нуралӣ Қиёсов ва Армон Қудойберганов дастгир шуданд. Денис Тен дар бозиҳои олимпӣ дар Сочӣ дар 2014 нишони биринҷӣ ба даст овард.

Ӯро рӯзи 21-уми июл ҳангоми муқовимат ба ду нафаре, ки хостаанд, ойинаи мошинашро бидузданд, бо зарби корд куштанд. Дар маросими дафни ӯ дар шаҳри Алмаато ҳазорон нафар ширкат карданд.

XS
SM
MD
LG