Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орумбекзода: "Сохтмони Театри миллӣ пурра қатъ нашудааст"


Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ки сохтмони Театри миллӣ дар шаҳри Душанбе пурра қатъ нашудааст. Вай дар нишасти матбуотии 27-уми июл дар посух ба саволи Радиои Озодӣ, ки сарнавишти сохтмони Театри миллӣ дар шаҳри Душанбе чӣ аст, гуфт, ки "сохтмони ин театр ба пуррагӣ қатъ нашудааст. Вале дар шароите, ки Тоҷикистон машғули сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки армони мардум дониста мешавад, мебошад,бештаре аз имкониятҳои молии ҳукумат ба иҷрои ин ҳадаф равона шудааст". Вай ба унвони мисол гуфт, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардум барои пирӯзӣ бар фашизм аз ҳама ҳадафҳои худ гузашт карда, танҳо мубориза бо душманро ҳадафи худ қарор дода буданд.

"Ҳоло низ сохтмони Роғун ҳадафи асосии сокинони Тоҷикистон ва мақомоти кишвар аст. Ба тадриҷ, баъд аз фаъол кардани агрегатҳои аввали нерӯгоҳи Роғун ҳукумат шароит пайдо мекунад, ки ба иҷрои сохтмонҳои дигар таваҷҷуҳи бештар кунад. Мутмаинам, бинои ҳафттабақаи Театри миллӣ дар шаҳри Душанбе бо таҷҳизоти муосиртарини ҷаҳонӣ дар остонаи таҷлил аз 30-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон анҷом меёбад"-, гуфт Шамсиддин Орумбекзода.

Пойдевори ин театр моҳи марти соли 2015 гузошта шуда буд. Театри миллӣ дар шафати Осорхонаи миллии Тоҷикистон, маҳалли бозори собиқи "Баракат" бунёд мешавад. Мақомоти Вазорати молияи кишвар он замон гуфтанд, ки ин иншоот бояд дар муддати 5 соли оянда ва бо маблағи 680 миллион сомонӣ бунёд шавад. Баландии ин бино 34,5 метр буда, бар асоси лоиҳа аз 3 толори калон ва толору утоқҳои дигар иборат аст. Мушоҳидаҳо ҳокист, ки аз аввали соли ҷорӣ умури сохтмонӣ дар ин маҳал мутаввақиф шудааст.

XS
SM
MD
LG