Хабарнигорони Радиои Аврупои Озод/Радииои Озодиро, ки аз пойгоҳи гурӯҳи мавсум ба "Гургҳои шабгард" дар Словакия бо истифода аз дрон наворбардорӣ мекарданд, таҳдид карданд. Раҳбари ин пойгоҳ Йозеф Гамбалек хитоб ба журналистон гуфт, "дар ҷои худ биистед, вагарна ман силоҳро мегирам".
Пойгоҳи "Гургҳои шабгард" дар канори рустои Долна Крупа дар Словакия ҷойгир аст. Дар қаламрави бастаи ин пойгоҳ мошинҳои низомӣ, аз ҷумла чанд техникаи ҷангӣ ва мошини полис қарор дорад. Пойгоҳ бо деворҳои баланди оҳанӣ иҳота шудааст. Дар қаламрави пойгоҳ аъзои гурӯҳи миллатгарои "Slovenskí Branci” машқ мекунанд. Ин пойгоҳ қароргоҳи байкер ё гурӯҳи мотосиклсаворони "Гургҳои шабгард"-и Русия ҳам ба ҳисоб меравад.
Солҳои охир Аврупову Ғарб Русияро барои ишғоли Қрим ва пуштибонӣ аз ҷудоиталабони украинӣ дар шарқи ин кишвар, таҳрим кардаанд.
Раиси пажӯҳишгоҳи масоили сиёсӣ дар умури амниятии Словакия Ярослав Над дар сӯҳбат ба бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, ки дар гузашта қаламрави пойгоҳ марбут ба як хоҷагии кишоварзӣ буд, вале баъдан онро соҳибкори маҳаллӣ Йозеф Гамбалек харид.
Ӯ гуфт, ки Гамбалек як байкер ё мотосиклсавори фаъол аст. Гамбалек дар маҳфилҳои сиёсӣ ҳам ёру ошнои зиёд дорад. "Ӯ гуфт, ки мехоҳад дар ин пойгоҳ меҳмонхонае барои қабули дӯстону наздиконаш бунёд кунад, ки савори мотосикл саёҳат мекунанд. Инчунин мегӯяд, ки як осорхонаи техникаи низомӣ ва полис таъсис диҳад".
Ба қавли Ярослав Над, Гамбалек мошинҳои аз истифода беруншудаи вазоратҳои дифоъ ва умури дохилии Словакияро гирифта онҳоро таъмир кардааст. Вале тавре маълум шудааст, Гамбалек дӯсти наздики яке аз раҳбарони гурӯҳи русии "Гургҳои шабгард" Александр Залдостанов аст, ки бештар бо тахаллуси "Хирург" маъруф аст.
Александр Залдостанов, ки як шахсияти баҳсабарангез аст, худро "як дӯсти президенти Русия Владимир Путин" муаррифӣ мекунад. Дар Канада ин шахсро барои ширкаташ дар низоъҳои шарқи Украина ва ҳам ишғоли Қрим аз сӯи Русия таҳрим кардаанд. Аъзои клуби "Гургҳои шабгард" бо истифода аз грантҳои Кремлин бо таблиғи арзишҳои миллӣ ва ватандӯстӣ машғул мешаванд.
"Гургҳои шабгард" ҳар сол савори мотосиклҳои худ аз Маскав сӯи Аврупо ҳаракат карда, дар сари қабри сарбозони шӯравии қурбоншуда дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон гулгузорӣ мекунанд. Дар ҷараёни ин сафарҳо ба таблиғи зиёди сиёсати Кремлин, мулоқот бо дипломатҳо ва ҷамъияти русҳо дар ин кишварҳо машғул мешаванд. Словакия яке аз кишварҳоест, ки дар ҷараёни сафарҳои таблиғотии сиёсии онҳо қарор дорад ва маъмулан ҳамин пойгоҳи Йозеф Гамбалеки рӯ ба Русия меҳмонхонаи онҳо мешавад.
Вале ин ҳодиса ва ба як дафтари намояндагии гурӯҳи таблиғгари Кремлин табдил шудани пойгоҳи Гамбалек мояи нигаронӣ ва интиқод дар Словакия гардид. Онҳо мегӯянд, як кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо ва паймони низомии НАТО наметавонад дар хоки худ созмонеро таҳаммул кунад, ки ба таблиғи ошкорои сиёсатҳои Кремлин ва Путин машғул шавад.
Солҳои охир Аврупову Ғарб Русияро барои ишғоли Қрим ва пуштибонӣ аз ҷудоиталабони украинӣ дар шарқи ин кишвар таҳрим кардаанд. Инчунин талошҳои дахолати Русия ба ҷараёнҳои сиёсии кишварҳои аврупоӣ аз роҳи таблиғоти интернетиву пуштибонии ақидаҳои мухолиф бо арзишҳои демократӣ интиқод мешавад.