Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти пешини Арманистон ба саркуби эътирозҳо айбдор шуд


Президенти собиқи Арманистон Роберт Кочарян
Президенти собиқи Арманистон Роберт Кочарян

Президенти пешини Арманистон Роберт Кочарян дар саркуби хушунатбори эътирозҳои соли 2008 айбдор шуд. Дар он эътирозҳо ҳадди ақал ҳашт нафар кушта шуда буд.

Хадамоти махсуси тафтишотии Арманистон хабар дод, ки рӯзи панҷшанбе Кочарян ба вайрон кардани сохтори конститутсионӣ айбдор шуд.

Айбнома зидди президенти пешин дар доираи парвандаи ҷиноии марбут ба ҳодисаҳои 1 марти соли 2008 эълон шудааст. Эътирозгароне, ки аз сӯи сарбозон ва пулис саркуб шуданд, зидди тақаллубкориҳо дар интихобот ба кӯча рехта буданд. Он замон Кочарян натавонист номзадии худро ба интихобот пешбарӣ кунад, аммо Серж Саргсян номзади мавриди пуштибонии Кочарян, сарфи назар аз тақаллубкориҳо, ғолиб эътироф шуд.

Саргсян 10 сол Арманистонро роҳбарӣ кард ва баҳори имсол дар доираи ислоҳоти Конститутсия мехост ба курсии сарвазирӣ нишинад. Аммо баъди эътирозҳои густардаи шашрӯза дар робита ба сарвазир таъйин шудани вай, истеъфо дод.

Дар додгоҳи салоҳиятҳои умумии Ереван дархости ҳабси пешакии Кочарян ворид шудааст.

Роберт Кочарян гуфт, айбҳои эълоншуда "аз воқеият дуранд ва ангезаи сиёсӣ доранд".

XS
SM
MD
LG