Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конгресс аз кашолкории Трамп дар робитаба эълони таҳрим алайҳи Русия норозӣ шуд


Раиси Кумитаи равобити байналмилалии Конгресси ИМА Эд Ройс
Раиси Кумитаи равобити байналмилалии Конгресси ИМА Эд Ройс

Раиси Кумитаи равобити байналмилалии Конгресси ИМА Эд Ройс, беэътиноии президент Трампро дар робита ба эълон таҳрим бар зидди Русия, дар заминаи заҳролудшавии ҷосуси дугона Сергей Скрипал дар Британия, танқид кард.

Эд Ройс, намояндаи Конгерсс аз ҳизби Ҷумҳурихоҳ, рӯзи панҷшанбе дар як нома ба Президент Трамп , ки нусхаи онро шабакаи NBC News дастрас кард, навишт, ки маъмурияти Кохи сафед муҳлати якмоҳаи эълони тасмимашро сипарӣ кард ва ба президент барои эълони қарораш ду ҳафтаи дигар вақт дода мешавад.

"Солҳои ахир Владимир Путин маъракаи худро барои баҳамзадани демократияи ИМА таҳким додааст ва розигии шумо бо Қонун дар бораи маҳви силоҳи биологӣ ва кимиёвӣ барои ба Путин нишон доданд, ки мо амалкардҳои ҳалокатбори ӯ ва ҳамлаааш ба демократияи ИМА-ро бепосух намегузорем, аҳамияти ҳалкунанда дорад"- омадааст дар ин нома.

XS
SM
MD
LG