Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоҳарзодаи Рамзон Қодиров шаҳрдори Грознии интихоб шуд


Ёқуб Закриев
Ёқуб Закриев

Маҷлиси шаҳрии Грознии Чеченистон дар интихоботи шаҳрдорӣ Иброҳим Закриев, хоҳарзодаи президенти ин ҷумҳурии Қафқози Шимолиро пирӯз эълон кард.

Иброҳим Закриев то ин замон дар вазорати молияи Чеченистон, ноиби аввали сарвазир, мудири котиботи роҳбари Чеченистон, дар дастгоҳ ва ҳукумати ин кишвар фаъолият кардааст.

Дар Чеченистон ба вазифаҳои масъули давлатӣ таъйин кардани наздикон ва ҳамдеҳагони Қодиров як меъёри қабулшуда аст.

Дар маҷмуъ, 65 дарсади курсиҳои масъули давлатии Чеченистонро "одамони Қодиров" соҳиб шудаанд.

XS
SM
MD
LG