Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Иттиҳодия футболи Олмон иттиҳоми нажодпарастиро рад кард


Раҳбари Иттиҳодияи футболи Райнҳард Гриндел
Раҳбари Иттиҳодияи футболи Райнҳард Гриндел

Раҳбари Иттиҳодияи футболи Олмон Райнҳард Гриндел иттиҳоми нажодпарастиро рад кард ва рӯзи панҷшанбе бо пахши як изҳорот гуфт, ки ӯ аз танқиди бозигари турктабори дастаи Олмон, Месут Озил "нороҳат" шудааст. Гриндел гуфт, танаввӯъ. ҳамдилӣ, мубориза бо табъиз ва ҳамоиш - арзишҳои барои ӯ "азиз" ҳастанд.

Футболбози турктабори Олмон Месут Озил рӯзи 22 июл дар бораи рафтанаш даста хабар дод. Ӯро пештар аз ин, барои акси муштаракаш бо президенти Туркия Раҷаб шадидан танқид карданд. Аксро ду моҳ пеш, дар ҷараёни маъракаи хайрия дар Лондон бардоштанд. Дар ин акс ҳамчунин Илкай Гюндоган - бозигари дигари турктабор ҳузур дошт.

Баъди шикасти мунтахаби Олмон дар Ҷоми Ҷаҳонӣ оиди футбол дар Русия, танқидҳо алайҳи Месут Озил бештар шуданд. Ба ин маърака баъзе мухлисон, сиёсатмадорон ва мақомоти футбол, аз ҷумла, Райнҳард Гриндел пайвастанд. Месут Озил инро зуҳури нажодпарастӣ арзёбӣ кард.

"Вақте мо дар бозӣ ғалаба мекунем дар чашми Гриндел ва шариконаш олмонӣ метобем, аммо вақте мағлуб мешавем як муҳоҷир ҷилвагар мешавем"- навишт Месут Озил дар Инстаграм. Бозигари футбол гуфт, ки баъди аксбардорӣ бо Эрдуғон ӯро ба маъракаи хайрия дар мактабе ки таҳсил карда буд роҳ надоданд ва аксашро аз варақаҳои таблиғотии Mercedec низ бардоштанд.

Месут Озил дар шарҳи аксбардориаш бо президент гуфт, ки як бахши хонаводаи ӯ дар Туркия зиндагӣ мекунад. "Барои ман муҳим нест, кӣ президент аст, муҳим ин аст, ки ӯ президент аст. Ман бовар дорам, Малика ва нахуствазири Британия Терезе Мэй ҳаргоми қабули Эрдуғон дар Лондон дарк мекарданд, ки бояд ба мақом эҳтиром гузоранд. Президенти Туркия ё Олмон - фарқ надорад, бархурди ман бо ҳарду яксон мебуд."- гуфт Месут Озил.

XS
SM
MD
LG