Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хатлон 561 масҷид "самти фаъолияташ"-ро дигар кардааст


Дар вилояти Хатлон дар шаш моҳи ахир дари 561 масҷид баста шудааст. Мақомот мегӯянд, ки ин масҷидҳо "самти фаъолияташро дигар кардаанд". Тибқи маълумотҳои расмӣ, дар чанд моҳи ахир шумораи масҷидҳои ғайрирасмӣ, ки "самти фаъолияташон дигар карда шудааст", ба 561 расидааст.

Аз додситонии вилояти Хатлон рӯзи 26-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ имрӯз гуфтанд, ки "самти фаъолияти ин масҷидҳо" бо қарорҳои раисони шаҳру навоҳӣ, иваз карда шудааст. Аз ҷумла дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ин масҷидҳо ба китобхона, макони хаётӣ барои занон ва бунгоҳҳо тиббӣ ва утоқҳои кории раисони ҷамоатҳо, табдил шудаанд.

Мақомоти тоҷик раванди баста шудани масҷидҳоро ба ин бовар, ки "ғайриқонунӣ" ҳастанд, дар чанд соли пеш оғоз шуда буд. Тайи ин муддат даҳҳо масҷид дар минтақаҳои гуногуни кишвар баста шуданд ва ё "самти фаъолияташон" дигар карда шуд.

XS
SM
MD
LG