Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп дар робита ба коҳиши таруфаҳои тиҷоратӣ бо ИА забон ёфт


Доналд Трамп ва Жан Клод Юнкер
Доналд Трамп ва Жан Клод Юнкер

Президенти ИМА Доналд Трамп дар робита ба коҳиши таруфаҳои тиҷоратӣ бо Иттиҳоди Аврупо ба созиш расид ва ба ин тартиб, имкони ҷилавгирӣ аз ҷанги тиҷоратӣ пайдо шуд. Дар ин бора нашрияи The Wall Street Journal рӯзи 26 июл бо такя ба як намояндаи Иттиҳоди Аврпуо хабар дод, ки ҳангоми музокироти президент Трамп бо Жан Клод Юнкер дар ҳамон утоқ буд.

Юнкер, раҳбари Комиссиюни Иттиҳоди Аврпуо ва Сесилия Малмстром, намояндаи аршади Иттиҳоди Аворуо дар умури тиҷорат, ба коҳиши таруфаҳои саноатӣ аз ҳарду тараф ва афзоиши содироти Амрико розӣ шуданд, -гуфтааст ин намояндаи ИА. Онҳо ҳамчнин дар бораи ҳамоҳангии меъёрҳои танзимкунанда созиш карданд, ки роҳи таҷҳизоти тиббии ИМА-ро ба бозори Аврпуо боз мекунад.

Нашрияи Journal-и аврпуоӣ бо такя ба ҳайъатҳои ИМА ва ИА гуфтааст, ки музокирот бар сари "забони изҳорот" оиди таруфаи мошинҳои содиротӣ идома дорад.

Интизор меравад, ки Трамп ва Юнкер баъди мулоқот дар Кохи сафед дар ин робита изҳорот пахш кунанд.

XS
SM
MD
LG