Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заноне, ки мехостанд ба Мирзиёев шикоят кунанд, 10 рӯз ҳабс шуданд


Занҳо дар назди бинои ВКД эътроз ташкил карданд
Занҳо дар назди бинои ВКД эътроз ташкил карданд

Дар шаҳри Тошканд гуруҳи занон, ки барои шикоят аз рӯи кормандони пулис ва додситонӣ ба қароргоҳи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рафта буданд, боздошт шуданд.

Ҳомии ҳуқуқ аз Тошканд Татяна Довлатова гуфт, рӯзи 23 июл ҳудуди 30 занро дар назди бинои маъмурияти президенти Узбекистон дастгир карда, ба шуъбаи пулиси ноҳияи Яккасарой бурданд. “Бархе занон пас аз ҳудуди як соат озод шуда, бархеи дигар ба “Майдаавбошӣ” айбдор ва 10 шабонарӯз ҳабс шуданд”, - афзуд Давлатова.

Яке аз боздоштшудаҳо гуфт: “Вақте корвони мошинҳои президент ба бинои дастгоҳ наздик шуд, автобуси кормандони пулис пеши роҳи моро гирифт. Ҳамаи моро ба автобус савор карда, ба шуъба бурданд”.

Ҳомии ҳуқуқ Давлатова тавонистааст, аз шаш зани ҳабсшуда шахсияти се нафарашонро муайян кунад. “Писари яке аз ин занҳо дар маҳбас фавтидааст. Зан иддао дорад, ки фарзандашро дар зиндон то дами марг шиканҷа карданд. Зани дувум солҳо инҷониб наметавонад визаи хуруҷро дарёфт карда, ба назди хонаводааш ба хориҷ равад. Боздоштшудаҳо кӯдаки ширхора доранд. Бар асоси қонунгузории Узбекистон, кормандони пулис ҳақ надоранд, онҳоеро боздошт кунанд, ки кӯдаки аз сесола поин доранд. Ба ҷуз ин, занон вазифадоранд, ки тамоми харҷи нигаҳдорӣ дар боздоштгоҳ, аз ҷумла пули се вақт ғизоро пардохт кунанд”, - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Давлатова, ин занон пеш аз рафтан ба назди маъмурияти президент, борҳо ба қабулгоҳи маҷозии Мирзиёев шикоят бурдаанд. Вале натиҷае надодааст. Як корманди хадамоти матбуотии президенти Узбекистон гуфт, аз боздошти занон хабар надорад. Дар шуъбаи пулиси Яккасарой аз шарҳи қазия худдорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG