Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо, ки рӯзҳои 27-29-уми июл дар шаҳри Загреби Хорватия баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.
Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) дар ин мусобиқа ширкати бештар аз 550 варзишгар (мардону занон) аз 81 кишвар дар назар аст.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар Гран-прии ҷудо дар Загреб се варзишгари тоҷик - Акмал Муродов, Кароматулло Ҳакимов (ҳарду дар вазни зери 81 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (дар вазни зери 90 кг) – дар сабқати мардон ширкат меварзанд.
Рӯзи аввали мусобиқа - 27-уми июл - занон дар се вазн – 48 кг, 52 кг ва 57 кг – ва мардон дар ду вазн – 60 кг ва 66 кг – вориди рақобат мешаванд. Рӯзи 28-уми июл барандагони медалҳо дар чор вазн: 63 кг ва 70 кг миёни занон ва 73 кг ва 81 кг – байни мардон маълум хоҳанд шуд. Мусобиқа рӯзи 29-уми июл бо қувваозмоиҳо дар ду вазн – 78 кг ва беш аз 78 кг – миёни занон, инчунин дар се вазн – 90 кг, 100 кг ва беш аз 100 кг – байни мардон ба анҷом мерасад.
Ба ин тартиб, Акмал Муродов ва Кароматулло Ҳакимов рӯзи шанбеи 28-уми июл ва Комроншоҳи Устопириён рӯзи якшанбеи 29-уми июл рақобат мекунанд.
Барномаи мусобиқот
Рӯзи якум (ҷумъа, 27-уми июл):
- Занон то 48 кг, то 52 кг ва то 57кг;
- Мардон то 60 кг ва то 66 кг.
Рӯзи дувум (шанбе, 28-уми июл):
- Занон то 63 кг ва то 70 кг;
- Мардон то 81 кг ва то 90 кг.
Рӯзи севум (якшанбе, 29-уми июл):
- Занон то 78 кг ва беш аз 78 кг;
- Мардон то 90 кг, то 100 кг ва беш аз 100 кг.
Ин мусобиқа пас аз Гран-прии ҷудо дар шаҳри Хух-Хотои Чин, ки моҳи майи имсол доир шуд, дувумин давраи интихобии олимпӣ маҳсуб мешавад.
Ёдовар мешавем, Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони номдори тоҷик, моҳи апрели имсол дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо (“Grand-Prix Antalya 2018”) дар шаҳри Анталияи Туркия дар рақобатҳо дар вазни зери 90 кило медали тилло ба даст овард. Рақиби ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2017 Неманя Маҷдов аз Сербия буд. Қувваозмоии ҳалкунанда бо пирӯзии паҳлавони тоҷик (3:12, иппон) хотима ёфт.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Гран-прии ҷудо дар Анталия шаш варзишгар дохил буд: Наврӯз Каримзод, Беҳрӯзи Хоҷазода, Акмал Муродов,Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов. Аз байни онҳо танҳо Комроншоҳ соҳиби медал гардид.