Пайвандҳои дастрасӣ

Сокини Восеъ барои фурӯши маводи мухаддир боздошт шуд


акс аз бойгонӣ

Дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) ходимони Агентии мубориза бо маводди мухаддир фурӯшандаи ин маводдро ошкор ва боздошт кардаанд. Ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи ин агентӣ, ҳафтаи гузашта маъмурон Давлатов Баҳриддин, сокини ноҳияи Восеъ, ки феълан дар шаҳри Кӯлоб зиндагӣ мекунад, бо гумони даст доштан дар фурӯши маводди мухаддир боздошт карда, аз вай 21 грамм ҳашишро ошкор мекунанд. Зимни кофтукоби манзили иҷорааш дар шаҳри Бохтар маъмурон бо истифода аз саги бӯйгир аз зери замини полизчаи назди ҳавлӣ беш аз чаҳор килограмм маводди мухаддир - асосан афюн ва ҳероин дарёфт карданд, ки барои фурӯш бастабандӣ шудааст.

Ба иттилои Агентии мубориза бо маводди мухаддир алайҳи Давлатов Баҳриддин парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, муфаттишон таҳқиқи онро идома медиҳанд. Тибқи иттиллои расмӣ, феълан дар вилояти Хатлон 1279 муътоди маводди мухаддир расман сабти ном шудаанд. Танҳо дар шаҳри Бохтар теъдоди чунин беморон баробари 197 нафар будааст. Ин омор гувоҳи он аст, ки дар миёни ҳар 100 ҳазор аҳолии вилоят 183 нафар муътоди маводди мухаддир мебошанд.

Видеоҳои охирин

Аз қатли Ҳувайдои 5-сола то наҷоти зану кӯдаки рус. Соли муҳоҷирони тоҷик
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:05:31 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG