Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муниса чор рӯз пеш дар Восеъ бедарак шуд. Хешовандон ӯро ҷустуҷӯ доранд


Кормандони милисаи шаҳри Кӯлоб ва пайвандон як ҷавонзани 20-солаеро ҷустуҷӯ доранд, ки чор рӯзи пеш хонаи шавҳарро тарк карда, то ҳол бенишон аст.

Муниса Мирзозода, сокини деҳаи Панҷосиёби шаҳри Кӯлоб, ки ҳашт моҳи пеш дар ноҳия Восеъ шавҳар карда буд, рӯзи 22-уми июл дар пайи як муноқиша бо қасди рафтан ба хонаи падар аз манзили зисти шавҳараш берун мешавад.

Мавзуна Мирзоева, хоҳари Муниса рӯзи 25-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, хоҳараш дар батн кӯдаки ҳафтмоҳа дошт. Ӯ гуфт: “Ҳамон рӯз шавҳараш занг зад, ки Муниса хонаатон меояд ва қабулаш кунед. Соатҳои 9-и саҳар буд. Телефон надошт ва мо то соати чор нигоҳ кардем, наомад. Хушдоманаш гуфт, ба як такси ӯро савор карданд ва ба самти Кӯлоб ҳаракат кард. Ҳоло мегӯям, ки чӣ хел таксӣ буд? - мегӯянд, ки дар ёд надоранд. Дигар пас аз ин касе ӯро надидааст. Тамоми хонаи хешу табор ва дӯстонашро пурсидем, вале нишоне нест.”

Мунисаи Мирзозода донишҷӯи соли сеюми колеҷи тиббии Кӯлоб аст ва пайвандонаш хоҳиш доранд, касе ӯро агар бубинад, ба ин рақам тамос гиранд:

987 42 42 24

Модару се фарзандашро бо кӯмаки Радиои Озодӣ пайдо карданд​

Ҳафтаи гузашта корбарони Радиои Озодӣ дар пайдо кардани як модари тоҷик бо се фарзандаш кӯмак карда буданд.

Корбарони саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук кӯмак карданд, то мақомоти интизомӣ, як модари тоҷикро бо се фарзанди хурдсолаш пайдо карда ба назди хешовандонашон баргардонанд. Радиои Озодӣ рӯзи 19-уми июл хабари бедарак шудани Шодигул Давлатоваи 28-сола аз ҷамоати Роҳатиро нашр кард, ки баъди моҷаро бо шавҳараш бомдоди 12-уми июл ду духтару писари худро гирифта, хонаро тарк кардааст. Баъдан, бо кӯмаки корбарони Радиои Озодӣ ин зан аз ноҳияи Ҳисор пайдо шуд.

XS
SM
MD
LG