Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Белорусия будубоши бе раводиди хориҷиҳоро то 30 рӯз тамдид кард


Александр Лукашенко
Александр Лукашенко

Президент Александр Лукашенко рӯзи 24 июл фармонеро имзо кард, ки ба сайёҳони 80 кишвар, аз ҷумла 39 давлати Аврупо, ИМА, Австралия ва Ҷопон иҷозат медиҳад, дар Белорус 30 рӯз бидуни раводид бимонанд.

Фармони Лукашенко аз замони нашраш, ки рӯзҳои наздик чоп хоҳад шуд, ба иҷро медарояд. Дар санад омадааст, қоидаҳои нав ба рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар Белорусия мусоидат хоҳанд кард.

Аз низоми 30-рӯзаи будубоши бидуни раводид дар Белорус сайёҳоне метавонанд, истифода кунанд, ки ба воситаи фурудгоҳи асосии шаҳри Минск ворид мешаванд. Қоидаҳои нав ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба воситаи марзи Русияву Белорус ворид мешаванд, дахл надорад.

XS
SM
MD
LG