Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нодирӣ Сайёдро барои номаш дар Русия "ғам медиҳанд"


Tajikistan -- Book of tajik names, 14Apr2016
Tajikistan -- Book of tajik names, 14Apr2016

Нодирӣ Сайёд Шамсиддин - як сокини шаҳри Душанбе бо ин ному насабаш борҳо дар кӯчаву хиёбонҳои Маскав дучори шакку тардиди пулис шуда ва ҳоло мехоҳад паспорташро бо номи Нодиров Сайёд Шамсиддинович иваз кунад.

Вай мегӯяд, "вақте пулис паспортамро мепурсид, баъди дидани ному насабам бо тааҷҷуб фамилияамро мехост фаҳмад. Ман Нодирӣ гуфтам. Боз пурсид, ки "зода ё отчестваи шумо чӣ аст?"

Масалан, шахсе бо номи Гулрӯ Аҳмадовна, ки фамилияш дигар буд, баъди Гулрӯи Аҳмад шудан, ҷои фамилия ё насабаш дар паспорт холӣ мондааст. Ин шакли хонапурӣ комилан хато аст ва бояд идораи шиносномадиҳӣ насабро илова кунад

Шамсиддин гуфтам, "номатон чӣ?". – Шамсиддин. Пулис гаштаву баргашта мепурсиду намефаҳмид ва дар охир гуфт, ки ҳеҷ чиз намефаҳмаду шояд шиноснома тақаллубӣ аст".​

Коршиносон мегӯяд, дар сурате, ки ғалат хонапурӣ шудани паспортҳоро мақомот эътироф мекунанд, пас дар сурати дубора муроҷиат намудан, масъулияти пардохти ин хароҷотро бояд ҳамон ниҳоди ба иштибоҳ роҳдода, ба ӯҳда бигирад.

Як сокин аз шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппа) мегӯяд, аз ибтидо дар шиносномаи хориҷии Тоҷикистон ному насабаш Додархуҷаев Раҳмоналӣ навишта шудааст ва ҳеҷ гоҳ бо шакли русии ном мушкиле пеш наомадааст.

Масъалаи хонапурӣ шудани паспортҳои хориҷӣ бар асоси ному насаби миллӣ, барои як гурӯҳи калони сокинон мушкил ё дардисари ҷиддие шудааст.

Вазир эътироф кард, ки иштибоҳҳо ҷой дорад

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи 18-уми июл эътироф кард, ки хонапурӣ шудани шиносномаҳо бо ному насаби миллӣ ғалат сурат мегирад. Вай гуфт, ки танҳо роҳҳалли мушкилӣ муроҷиат ба идораи шиносномадиҳӣ барои гирифтани санади нав мебошад. Ин дар навбати худ, хароҷоти иловагӣ ва сарсониҳои вақту мутобиқсозии сандаҳои дигарро дар пай дорад.

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон.
Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон.

Вазири адлия дар шарҳи ин мушкил гуфт, ки дар бисёр ҳолат ҷои насаб ё худ фамилия холӣ монда, фақат ном ва номи падарӣ чоп шудааст, ки ин ғалат аст. "Масалан, шахсе бо номи Гулрӯ Аҳмадовна, ки фамилияш дигар буд, баъди Гулрӯи Аҳмад шудан, ҷои фамилия ё насабаш дар паспорт холӣ мондааст. Ин шакли хонапурӣ комилан хато аст ва бояд идораи шиносномадиҳӣ насабро илова кунад. Тибқи қонунгузорӣ, ҳар шахс бояд насаб ва ном дошта бошад. Қисмати сеюми санад, яъне номи падарӣ метавонад дошта бошад ё не, аҳамият надорад", - афзуд вазир.

Рустам Шоҳмуродзода гуфт, ки ислоҳи ин вазъ танҳо аз роҳи муроҷиати дубора ва пардохти ҳақпулӣ имконпазир аст. Ва ҳоло ин масъала мояи аслии нигаронии онҳое шудааст, ки санадҳояшон ба истилоҳ мушкил дорад.

Аксари онҳо вуҷуди мушкил дар марҳилаи кор бо шӯъбаҳои шиносномадиҳии кишварро таъкид мекунанд. Онҳо мегӯянд, саҳлангорӣ ва ё шояд набуди саводи оддӣ дар навишти санад, бебандубориҳоро дар ҷойгузорӣ кардани насаб, ном ва номи падар эҷод мекунад. Ҳарчанд ин мушкилро мақомоти адлия эътироф мекунанд, вале омори муроҷиатҳои батакрори сокинон нашр намешавад.

Саёҳат Достизода, мудири бахши сабти асноди шаҳрвандии ноҳияи Фирдавсӣ (акс аз бойгонӣ)
Саёҳат Достизода, мудири бахши сабти асноди шаҳрвандии ноҳияи Фирдавсӣ (акс аз бойгонӣ)

Як корманди Хадамоти бақайдгирӣ ва шиносномадиҳии ҷумҳурӣ рӯзи 24-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо бар асоси пешниҳоди идораҳои ЗАГС шиносномаҳоро хонапурӣ мекунанд.

Ин ҳамсӯҳбати мо аз тарафи идораи шиносномадиҳӣ ғалат пур кардани шаҳодатномаҳоро рад кард ва гуфт бар асоси ҳар хате, ки ному насаб пешниҳод карда мешавад, хонапурӣ сурат мегирад. Вале маълум нест, ки дар сурати камсавод будани шахси аризадиҳанда барои гирифтани шиноснома ва иштибоҳӣ пур шудани аризааш, кормандони масъул дар дуруст хонапурӣ шудани санад кӯмак мекунанд ё на.

Аммо намояндаи Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мегӯяд, дар навишти ному насаби шаҳрвандон тартиби хоссе ҳаст, ки дар вақти омода кардани шаҳодатнома ҷиддан ба эътибор гирифта мешавад.

Саёҳат Достизода, мудири бахши сабти асноди шаҳрвандии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар вақти додани шаҳодатнома дар ин идора ҷиддӣ бархӯрд мекунанд, то аз иштибоҳ ҷилавгирӣ шавад ва шаҳрванд сарсон нашавад.

"Иштибоҳ"-ро кӣ бояд ҷуброн кунад?

Аммо ба назари коршиносон, дар сурате, ки ғалат хонапурӣ шудани паспортҳоро худи Вазорати адлия собит мекунад, пас дар сурати дубора муроҷиат намудан, масъулияти пардохти ин хароҷотро бояд ҳамон ниҳоди ба иштибоҳ роҳдода, ба ӯҳда бигирад.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, "вазорати адлия муваззаф аст, ки ба таври дақиқ мушаххас кунад, ки дар кадом марҳила, яъне дар идораи ЗАГС ё дар хадамоти шиносномадиҳӣ ин иштибоҳ роҳ дода мешавад ва дуввум баъди муроҷиати шаҳрванд, барои ислоҳ харҷи маблағ ҷуброн карда шавад. Зеро чунин ғалат аз тарафи шаҳрванд сурат нагирифтааст."

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик.

Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло ба хотири ислоҳи вазъи мавҷуд бо Раёсати сабти асноди шаҳрвандии ҷумҳурӣ ва идораҳои шиносномдиҳии кишвар роҳи дуруст ва шакли солими хонапурӣ кардани шиносномаҳоро шурӯъ кардааст ва дар фурсати наздик наҳваи онро пешниҳод хоҳад кард.

"Дардисар"-ҳои номгузории миллӣ

Дар гузашта мақомоти Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ҳам гуфта буданд, ки мушкили ба шеваи миллӣ иншо шудани исмҳо барои бисёр муҳоҷирон дар Русия “дардисарсоз” шуд. Аз ҷумла, Абдураҳим Зулфониён, сардори шӯъбаи танзими Кумитаи забон ва истилоҳот рӯзи 4-уми июл баРадиои Озодӣ гуфта буд, ки таҳқиқи онҳо дар чанд ноҳияи кишвар нишон дод, ки асосан муҳоҷирон дар Русия мехоҳанд пасванди “зода”-ву “иён”-ро бо“ов”-ву “ова” табдил кунанд.

Бархе рӯшанфикрон мегӯянд, масъала дар шеваи миллии навишти ном нест, танҳо дар дуруст ифода шудани ҳарсе ном дар шиноснома аст, ки ҷои савол намонад.

Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, ки ба шеваи миллӣ гузаштани ном дар мисоли бархе нависандаҳои номии даврони шӯравӣ, мисли Сотим Улуғзода ҳам роҳ уфтода буд ва суоле дар заминаи ин ки номаш кадому насабаш чист набуд.

"Ин як марҳилаи гузариш аст. Мардуми мо набояд дар ин замина ҳассосият нишон диҳанд, танҳо бояд ҳама ҷонибҳо, аз ҷумла кормандони бахшҳои шиносномадиҳӣ босаводона ва аз рӯи масъулият рафтор кунанд, то ки барои шаҳрванд мушкил эҷод нашавад. Масалан, таҷрибаи дар охири ном гузоштани бандаки изофӣ барои бисёриҳо мушкили ҷиддӣ шуд.

Агар номи шахс Нигораи Муҳиддин бошад, шарт нест, ки ҳамин бандак навишта шавад. Ин “-и”-ро бархе масъулини камсавод ё полиси рус ҳамчун пасванди фамилиясоз қабул карда, барои дорандаи шиноснома мушкил эҷод мекунад”, гуфт ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ки нахост номаш бурда шавад. Вай гуфт, баъди ба забони англисӣ гузаштани ном ҳамин “-i” бисёр вақт мушкил эҷод мекунад.

11 соли бе "ов"-у "вич"

Дар Тоҷикистон баъди он аз пасвандҳои русии “ов”, “ев”, “ова”, “ович” ва “овна” даст кашиданд, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон соли 2007 ба номгузории миллӣ таъкид кард ва исми худро аз Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович ба Эмомалӣ Раҳмон табдил дод.

Дар пайи ин бархе аз мансабдорони тоҷик низ ному насаби худро тоҷикӣ карданд. Яке аз мақомдорони охирине, ки ба шеваи тоҷикӣ исмашро табдил дод, вазири умури хориҷӣ буд. Сироҷиддин Муҳриддинович Аслов моҳи май исму насабашро иваз кард ва Сироҷиддин Муҳриддин шуд.

XS
SM
MD
LG