Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил пешниҳоди Маскавро дар робита ба эрониҳо напазируфт


Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу.
Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу.

Исроил пешниҳоди таъсиси минтақаи 100 километрии пеш аз хати аломатгузории байни Исроил ва Сурияро, ки дар он метавонанд низомиёни Эрон мустақар шаванд, қабул накард. Ин пешниҳодро Русия матраҳ карда буд. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" рӯзи 23 июл бо такя ба матбуоти Исроил хабар дод.

Исроил бо радди ин пешниҳод талаб кард, ки Эрон дар қаламрави Сурия ҳеҷ гуна ҳузур надошта бошад,- навиштааст нашрияи Times of Israel.

Ба навиштаи нашрия, Исроил пофишорӣ мекунад, ки аз вуҷуди мушакҳои дурпарвоз ва ҳамин тавр пойгоҳҳои истеҳсоли ингуна мушакҳо дар Сурия ҷилавгирӣ шавад.

Рӯзи душанбе мулоқоти нахуствазири Исроил Бинямин Нетаняҳу бо вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ва раҳбари ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов баргузор шуд.

Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ки дар ин нишаст зовияҳом гуногуни масоили Ховари Миёна, аз ҷумла Сурия баррасӣ шуд.

"Дар нишаст масъалаи ба анҷом расонидани амалиёти зиддитерррористӣ дар ҷануби Сурия ва таъмини амният дар имтидоди марзи Исроил, бо шумули иҷрои қарордоди соли 1974, дар бораи аз ҳам ҷудо кардани нерӯҳо, баррасӣ шуд"- гуфт Вазорати хориҷии Русия.

XS
SM
MD
LG