Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Одиназода: "Амонуллоҳ Ҳукумов наздик ба 7,5 ҳазор сомонӣ нафақа мегирад"


Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мегӯяд, Амонулло Ҳукумов, собиқ роҳбари Роҳи оҳани Тоҷикистон 10 ҳазор сомонӣ нафақа намегирад. Назокат Одиназода, муовини аввали раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа гуфт, феълан Амонулло Ҳукумов 6200 сомонӣ нафақа нафақаи маъюбӣ мегирад ва 20 дарсад иловапулӣ барои доштани мукофоти давлатӣ изофа шудааст. Ба ин тартиб, Амонуллоҳ Ҳукумов наздик ба ҳафтуним ҳазор сомонӣ нафақа дарёфт мекунад.

Муовини аввали раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ афзуд, Наталя Назаршоева, собиқ роҳбари "Тоҷиксодиротбонк" бошад 15 ҳазор сомонӣ нафақа мегирад. Назокат Одиназода афзуд, нафақаи ин афрод дақиқ ҳисоб шуда, шубҳаангез нест ва аз рӯи ҳаҷми маошашон тайин шудааст.

"Наталя Назаршоева дар бонк фаъолият кардааст ва фақат аз музди меҳнати ӯ вобастагии калон дорад. Ҳамаи мо медонем, ки соҳаи сохтмон, бонк, авиатсия музди меҳнати фарқкунанда доранд",-гуфт Назокат Одиназода.

Ҳаҷми нафақаҳои бузург дар Тоҷикистон қаблан баҳсҳои зиёдеро ба миён оварда буд. Бархе суол мекарданд, ки чигуна як нафар 200 сомонӣ нафақа мегирад дар ҳоле, ки нафақаи як гурӯҳи дигар беш аз 10 ҳазор сомонӣ аст.

XS
SM
MD
LG