Пайвандҳои дастрасӣ

Хабаргузории "Форс": Набавӣ ба ҷои Фағонӣ сафири Эрон дар Тоҷикистон мешавад


Саидмуҳсин Набавӣ.

Саидмуҳсин Набавӣ, сафири пешини Эрон дар Австрия қарор аст, сафири ин кишвар дар Тоҷикистон шавад. Хабаргузории нимарасмии "Форс" рӯзи душанбеи 23-юми июл хабар дод, ки Саидмуҳсин Набавӣ дар ояндаи наздик роҳии Душанбе -- пойтахти Тоҷикистон хоҳад шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, Саидмуҳсини Набавӣ аз ин пеш сафири Эрон дар Индонезия ва Сингапур ҳам будааст. Вай пас аз бозгашт аз Австрия, ба унвони мушовир дар вазорати умури хориҷии Эрон, фаъолият кардааст.

Эрон дар ҳоле дар Тоҷикистон сафири нав таъйин мекунад, ки ду кишвар яке аз душвортарин марҳилаҳо дар муносиботи худро сипарӣ мекунанд.

Саидмуҳсини Набавӣ дар мақоми сафири Эрон дар Тоҷикистон ҷойгузини Ҳуҷаттулоҳ Фағонӣ мешавад. Ҳуҷҷаттулоҳ Фағонӣ дар тирамоҳи соли 2014 ба ҷои Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон таъйин шуда буд. Оқои Фағонӣ қаблан ҳамчун сафири Эрон дар Афғонистони ҳамсоя бо Тоҷикистон фаъолият карда буд.

Сафорат: "Сафир дар мураххасӣ аст"

Дар сафорати Эрон дар Тоҷикистон таъйини оқои Набавӣ ба мақоми сафири он кишвар дар Душанберо радд ва ё тасдиқ накарданд. Дар ин сафорат рӯзи 24-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "оқои сафир ҳастанд ва рафтанд мураххасӣ". Дар вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар робита ба ин мавзӯъ баъдан маълумот хоҳанд дод.

Хабаргузории "Форс" дар идомаи гузориши худ гуфт, тағйирот дар шуморе аз сафоратхонаҳои Эрон дар хориҷ, ин ҳафта дар пайи семинари сафирон ва раҳбарони намояндагиҳои Ҷумҳурии исломӣ дар хориҷ аз он кишвар, сурат гирифтааст. Ҳар сол дар фасли тобистон, бар асоси муқаррароти идорӣ, дар вазорати умури хориҷии Эрон ҷобаҷоии сафирон сурат мегирад.

Ҳуҷаттулоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон.
Ҳуҷаттулоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон.

Манбаъ мегӯяд, ки сафирон ва раҳбарони намояндагиҳои Эрон, ки бо пешниҳоди Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷӣ ва таъйиди Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон дар мақомҳои нав мансуб шудаанд, ба маҳали маъмурияти нави худ сафар карда ва бархе аз онҳо низ пас аз семинари сафирон дар сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои Эрон дар хориҷ аз кишвар, ба фаъолияти худ шурӯъ мекунанд.

Равобити сарди Душанбеву Теҳрон

Эрон дар ҳоле дар Тоҷикистон сафири нав таъйин мекунад, ки ду кишвар яке аз душвортарин марҳилаҳо дар муносиботи худро сипарӣ мекунанд.

Тоҷикистону Эрон тайи тақрибан ду соли охир марҳилаи мушкили ҳамкориро паси сар мекунанд. Ин вазъ дар пайи даъвои молӣ бар сари пулҳои гӯё гумшудаи миллиардер Бобаки Занҷонӣ ва даъвати раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба конфронси Теҳрон ба вуҷуд омадааст.

Нуқтаи авҷи ин баҳс иттиҳоми вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар моҳи августи соли 2017 алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ буд, ки дар як филми мустанад гуфт, Эрон дар қатли чанд чеҳраи саршиноси тоҷик дар солҳои навадум, аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои олӣ ва раҳбари пешини ҳизби сотсиалистиро даст дорад.

Робитаҳои Тоҷикистону Эрон баъд аз он сардтар шуд, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро ба конфронси "Ваҳдати исломӣ" ба Теҳрон даъват карданд ва ӯ бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон гуфтӯгуи кӯтоҳе анҷом дод,

Конфронс моҳи декабри соли 2015, се моҳ баъд аз мамнӯъ шудани ҳизб дар Тоҷикистон, баргузор шуд. Мақомоти Тоҷикистон Ҳизби наҳзат ва раҳбари он Муҳиддин Кабириро ба ҳидояту ташкили ошӯбҳои моҳи сентябри соли 2015муттаҳам мекунанд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG