Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон муҷозоти табъизро сахттар мекунад


Дар Тоҷикистон таҳияи қонуни мубориза бо табъиз ҷараён дорад ва эҳтимол дорад ин санад то охири соли ҷорӣ ба тасвиб расад. Мақомот мегӯянд, тарҳи қонуни нав бо машварати созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ва бо ширкати ҷомеаи мадании Тоҷикистон, таҳия мешавад.

"Бо дастури президент тарҳи нав таҳия мешавад"

Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон рӯзи 23-уми июл хабар дод, ки тибқи дастури раиси ҷумҳур, феълан таҳияи матни ҷадиди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон идома дорад, ки ҳадафи аслии он гуманизатсия ё содда кардани ҷазо барои ҷиноятҳои иқтисодӣ ва сангинтар кардани ҷазо барои шиканҷаву табъиз мебошад.

Намояндагони Тоҷикистон як сол қабл дар нишасти Кумитаи зидди табъизи нажодии СММ гуфтанд, ки ҳеҷ шаҳрванди ин кишвар аз рӯи мансубияташ табъиз нашудааст.

Умед Бобозода, мушовири бахши ёрдамчиҳои раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки низ дар ин нишасти матбуотии нимсолаи Маркази миллии қонунгузорӣ ширкат дошт, мегӯяд, ислоҳи бархе қонунҳои кишвар бо дархости созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон сурат мегирад. Вай гуфт, соли 2013 президенти Тоҷикистон низ фармони таҳияи кодекси нави ҷиноятӣ ва бозбинии бархе аз қонунҳои дигарро дастур дода буд. Эҷоди қонуни нави зидди табъйиз ҳам дар чаҳорчӯби ҳамин тағйирот ҷараён мегирад.

Вай афзуд, ҳанӯз кори ин гурӯҳи ҳукуматӣ ба поён нарасидааст ва ба ин далел наметавонанд ҷузъиёти ин равандро ошкор созанд. "Вале дақиқ медонем, ки бо дархости созмонҳои байналмилалӣ дар мавриди шаклҳои мухталифи табъиз дар Тоҷикистон муҷозот сангинтар мешавад. Эҳтимол дорад, ки то охири соли ҷорӣ ё аввали соли оянда дар Тоҷикистон қонуни ҷудогонаи мубориза бо табъиз тасвиб шавад, ки дар он ҳамаи паҳлӯҳои ин зуҳурот инъикос меёбад",-афзуд Умед Бобозода.

Истиқбол аз тарҳи мубориза бо табъиз

​Умед Бобозода, мушовири бахши ёрдамчиҳои раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон.
​Умед Бобозода, мушовири бахши ёрдамчиҳои раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бархе ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон хабари таҳия шудани қонуни махсуси мубориза бо табъизро истиқбол карданд. Аз ҷумла, ба гуфтаи Дилафрӯз Самадова, намояндаи созмони "Озодиҳои шаҳрвандӣ", умед аст, ки дар ин санад ҳама паҳлӯҳои ин зуҳурот инъикос меёбад ва ҳамакнун парвандаи айбдоршавандаҳо дар чунин ҷиноят то ба додгоҳ мерасад.

Хонум Самадова афзуд, "дар таҷрибаи вакилии ман то ҳол мавриде набуд, ки парвандаи айбдоршаванда дар табъиз то ба додгоҳ биравад. Умедворам, дар қонуни нав ҳамаи ҷанбаъҳои содиршавии чунин ҷиноят рӯшан карда мешавад. Табъиз зуҳуротест, ки бештар бар пояи забониву қавмӣ, диниву иқтисодӣ ва ҷинсиву мазҳабӣ ва ҳамчунин вазъи иҷтимоии шаҳрвандон, сурат мегирад".

Бархе дигар аз фаъолону ҳуқуқшиносони мустақил мегӯянд, ки хуб мешуд мақомот ба ҳангоми таҳияи қонунҳои нав дар шароити имрӯз ва оянда намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро ҳам ҷалб мекарданд. Дар ин сурат, бо назардоши таҷрибае, ки ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони ҷамъиятӣ доранд, қонунҳоро аз оғоз мешавад бо назардошти таҳаввулот ва чолишҳои замони имрӯз таҳия кард.

Дилафрӯз Самадова.
Дилафрӯз Самадова.

Маҳз созмонҳои ҳуқуқи башар ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон ҳастанд, ки аз рух додани шаклҳои мухталифи табъиз дар кишвар интиқод мекунанд. Субҳиддин Баҳриддинзода, муовини аввали раиси Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон мегӯяд, ки машваратҳои созмонҳои байналмилалӣ мақомоти кишварро водор кардаанд, ки дар мубориза бо чунин зуҳурот ба таҳияи қонуни махсус дар ин замина иқдом кунанд.

Шикоятҳо аз табъиз дар Тоҷикистон

Намояндагони Тоҷикистон як сол қабл дар нишасти Кумитаи зидди табъизи нажодии Созмони Миллали Муттаҳид гуфтанд, ки ҳеҷ шаҳрванди ин кишвар аз рӯи мансубияташ табъиз нашудааст. Аммо дар гузориши алтернативӣ, ки созмонҳои ҳуқуқи башар пешниҳод кардаанд, ба нақзи ҳуқуқи ақалиятҳои қавмӣ, ишора шудааст.

Ба иддаҳои онҳо, дар Тоҷикистон ҳуқуқи ақалиятҳои қавмӣ, ба мисли лӯлиҳо, яғнобиҳо ва помириҳо нақз мешавад. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки кӯдакони лӯлӣ аз таҳсил дур мемонанд ва барои ҳифз ва рушди забонҳои яғнобиву помирӣ, ҳукумат иқдоми ҷиддӣ намеандешад.

Дар гузоришҳои дигари созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон аз фишор болои намояндагони ақалиятҳои ҷинсӣ дар Тоҷикистон ҳам интиқод мешавад. Аз ҷумла, хабари аз ҷониби сохторҳои интизомӣ рӯйхат шудани даҳҳо аъзои ҷомеаи ақалиятҳои ҷинсӣ мавриди нигаронии фаъолон шуда буд.

Мақомот мегӯянд, феълан ҷузъиёти зиёди қонуни нави зидди табъизро ошкор намекунанд, вале мегӯянд, ҳама паҳлӯҳои ин масъала вориди қонуни нав мешавад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG