Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишгоҳҳои Узбекистон ба мубориза алайҳи фасод бархостанд


Итиҳони довталабон дар Самарқанд
Итиҳони довталабон дар Самарқанд

Раҳбарони донишгоҳҳои Узбекистон рӯзи 21 июл бо нашри як муроҷиатномаи муштарак аз тамоми довталабон ва волидони онҳо даъват карданд, ки ҳангоми дохилшавӣба донигоҳ ба суханони "қаллобону тамаъҷӯён ва фасодкорон" бовар накунанд ва ба касе ҳам ришва надиҳанд.

"Мо - ректорон ваъда медиҳем, ки ҷараёни таълиму тарбияро дар асоси талаботи замонавӣ ба роҳ монда, шароитро фароҳам мекунем, то ҷавонони боистеъдод имкониятҳои худро амалӣ созанд. Ҳамчунин аз фаъолияти қаллобону тамаъҷӯёне пешгирӣ хоҳем кард, ки ба рушди соҳа таъсири манфӣ мерасонанд", - омадааст дар муроҷиатнома.

Ин бори нахуст аст, ки раҳбарони донишгоҳу донишкадаҳои Узбекистон ба довталабон ва волидони онҳо чунин муроҷиат мекунанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, шеваи имтиҳонҳои имсолаи дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Ӯзбекистон аз солҳои пешин фарқ хоҳад кард.

Соли равон ба 60 донишгоҳи Узбекистон ва 19 бахши онҳо беш аз 675 ҳазор довталаб ҳуҷҷат супоридаанд, ки назар ба нишондоди соли гузашта 54 ҳазор нафар камтар аст.

XS
SM
MD
LG