Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ: "Алайҳи Кабирӣ бо 18 моддаи Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст"


Мақомоти Тоҷикистон алайҳи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ бо 18 моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардаанд. Аз ҷумла Кабирӣ дар ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ, куштор ва ғайра, муттаҳам мешавад.

“Иттиҳомот алайҳи Кабирӣ: аз одамкушӣ то исёни мусаллаҳона”

Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 23 июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, баррасии парвандаи Муҳиддин Кабирӣ феълан дар Додгоҳи олӣ идома дорад.

Ҷаноби Шоҳиён афзуд, мурофиаи парвандаи Кабирӣ паси дарҳои баста идома дорад. Раиси Додгоҳ олӣ афзуд, баъди содир шудани қарори додгоҳ ҷузъиёти парвандаро дар ихтиёри расонаҳо мегузорад.

Ин аз аввалин ҳолатҳое аст, ки мақомоти тоҷик ҷузъиёти парвандаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнуи наҳзати исломиро ошкор мекунанд. Худи Муҳиддин Кабирӣ феълан дар хориҷ ба сар мебарад.

Масъулини Додгоҳи олӣ дар ҳузури хабарнигорон гуфтанд, алайҳи Муҳиддин Кабирӣ бо 18 моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст.

Шавкат Лутфуллозода, раиси Коллегия оид ба парвандаҳои ҷиноятии Додгоҳи олӣ аз 18 моддае, ки Кабирӣ бо онҳо муттаҳам мешавад 10 номгӯи онро эълон кард.

Лутфуллозода афзуд, Муҳиддин Кабирӣ дар ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ҷавобгарии шарикони ҷиноят, ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ, тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш, одамкушӣ, шарикони ҷиноят, исёни мусаллаҳона, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба соҳибияти каси дигар додани лавозимоти ҷангӣ муттаҳам мешавад.

Аз рӯи ин моддаҳо метавонад алайҳи Муҳиддин Кабирӣ ҳукми сангин содир шавад.

“Мурофиаи пас аз се соли бастани ҳизб”

Мурофаи Муҳиддин Кабирӣ дар Додгоҳи олии Тоҷикистон дар оғози соли равон шурӯъ шуда буд. Мақомоти тоҷик Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба даст доштан дар "ошӯб"-и соли 2015-и муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим", муттаҳам мекунанд. Аммо масъулини ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ мурофиаи роҳбари ҳизбашонро беасос хонда буданд.

Аз ҷумла Маҳмудҷон Файзраҳмонов, яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ қаблан мурофиаи ғоибона ва паси дарҳои бастаи Муҳиддин Кабириро «дорои ангезаи сиёсӣ» номид. Ӯ дар як посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ навишта буд, мурофиа паси дарҳои баста мегузарад, то воқеиятҳо ошкор нашавад. Худи Муҳиддин Кабирӣ, ки аз моҳи марти соли 2015 дар хориҷа ба сар бурдааст, ҳамаи ин иттиҳомотро беасос ва тӯҳмат ба хотири аз байн бурдани ҳизби сиёсиаш дар Тоҷикистон унвон карда буд.

Мурофиаи додгоҳии Муҳиддин Кабирӣ дар ғайбаш баъди он имконпазир шуд, ки соли гузашта порлумони Тоҷикистон ба қонуни мурофиавии ҷиноӣ тағйирот ворид кард. Ин дигаргунӣ ба додгоҳҳои кишвар ҳақ дод, ки афроди муттаҳамро дар ғайбашон ба зиндон маҳкум кунанд.

Муҳиддин Кабирӣ баъд аз интихоботи порлумонии соли 2015, ки дар он ҲНИТ ду курсиашро аз даст дод, аз кишвар хориҷ шуд ва дигар барнагашт. Моҳи сентябри ҳамон сол мақомоти Тоҷикистон ҳизби наҳзатро дар ташкили ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим муттаҳам карданд.

Ба дунбол, Додгоҳи олӣ ҳизби наҳзати исломиро мамнуъ ва созмони террористӣ эълон кард. Ҳамон сол даҳҳо узви ин ҳизб, аз ҷумла муовинони раис боздошт ва ду нафари онҳо ба ҳабси абад ва боқимонда ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд.

Як муддат номи ӯ дар феҳристи Интерпол - пулиси байналмилалӣ ҳам пайдо ва баъд аз чанде ғайб зад. Бо ин вуҷуд, мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҷустуҷӯи байналмилалии Кабирӣ поён наёфтааст.

Муҳиддини Кабирии 53-сола соли 2006 дар пайи даргузашти Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба раҳбарии ҳизби наҳзати исломӣ расид. Вай ду дафъа вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон низ буд.

XS
SM
MD
LG