Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони 28 ширкати бинокориро дар Самарқанд боздошт карданд


Ба думболи боздошти раиси пешини вилояти Самарқанд Туроб Ҷураев мақомот дар 5 рӯз раҳбарони 28 корхонаи бинокорӣ боздошт карданд. Мудирони даҳҳо ширкати бинокории дигар аз кишвар рз ба фирор оварданд.

“Дар вилоят се гуруҳ зери назорати бевоситаи раиси Хадамоти амнияти давлатӣ Ихтиёр Абдуллоев, вазири умури дохилӣ Пулод Бобоҷонов ва додситони кулли Узбекистон Отабек Муродов фаъолият доранд. Феълан раҳбарони 28 ширкати бинокорие бозпурсӣ мешаванд, ки ба Ҷураев барои дарёфти иҷозати бунёди баландошёнаҳо дар Самарқанд ришва додаанд”, - гуфт як мансабдори Самарқанд.

Як корманди Идораи фарҳанг ва варзиши вилояти Самарқанд гуфт, ҳоло, даҳҳо мансабдори пешин, ки бо нақзи қонун барои бунёди биноҳои баландошёна дар қисми таърихии шаҳр иҷозат додаанд,мавриди бозпурсӣ қарор доранд.

Ба гуфтаи як корманди ҳифзи ҳуқуқи Самарқанд, дар натиҷаи як санҷиш 3 ҳазору 458 ширкати тақаллубии бинокорӣ ошкор шуд. “Ин ширкатҳо, ки баъзеашон ҳатто ҳисоби бонкӣ надоранд, асосан барои пулшӯӣ таъсис ёфтаанд. Ҳоло раҳбарони даҳҳо ширкат гӯё барои истироҳат ба Туркия, Испониё, Чехия ва Русия рафтаанд. Ба ҳамаи онҳо даъватнома фиристода шуд. Дар маводи парванда қайд шудааст, ки маҳз раҳбарони ин ширкатҳо ба Ҷураев дар дохили лифофа доллар додаанд”, - гуфт ӯ.

Яке аз хешовандони раиси пешини вилояти Самарқанд гуфт, Ҷураев аз бемории қанд ва роҳи нафас ранҷ мебарад ва ҳоло дар як шароити хеле сахт дар боздоштгоҳ бозпурсӣ мешавад. “Ба ӯ доруҳои даркориро намедиҳанд. Ӯро ду гуруҳ бозпурсӣ мекунад. Муфаттиш ба вакили дифоъ хабар дод, ки ӯ аллакай ба гуноҳаш иқрор кардааст”, - афзуд ҳамсуҳбати мо.

XS
SM
MD
LG