Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси соҳиби боғ ва раиси ширкати сохтмонӣ ба додгоҳ рафт


Мастибек Фозилбеков ҳамроҳ бо ҳамсараш Савринисо Фозилбекова дар боғе, ки бунёд намуданд.

Боғеро, ки дар канори яке аз бинои истиқоматӣ ҷазираи сабзеро мемонад, мехоҳанд хароб ва ба ҷояш бинои нави бисёрошёна бунёд кунанд. Ин боғро дар маҳаллаи Тиллокони шаҳри Хуҷанд як сокин ҳамроҳи аҳли оилааш дар 7 сол, ба қавли худаш "дар як харобазор" сарсабз кард. Мастибек Фозилбеков боғашро осон аз даст доданӣ нест ва талош дорад аз ширкати сохтмонӣ 400 ҳазор сомонӣ подош бирӯёнад.

Ҳуқуқшиносон мегӯяд, хароб кардани боғҳое, ки сокинон дар канори биноҳои бисёрошёна бунёд кардаанд, бидуни огоҳии қаблӣ ва пардохти зарари молӣ, дуруст ва қонунӣ нест.

Ширкати сохтмонии "Султони Суғд" дар ҷои боғ тибқи нақшаи кулл мехоҳад бинои 5-ошёнаи дорои маркази хидматрасонӣ бунёд намояд. Раиси ин ширкат Мавзуна Ашӯрова мегӯяд, ҳарчанд ширкаташ иҷозатномаи истифодаи замин ва сохтмонро дар даст дорад, аз заҳматҳои чандинсолаи соҳиби боғ чашм пӯшиданӣ нест ва мехоҳад онро ба навъе ҷуброн кунад.

Мастибек Фозилбеков имрӯзҳо бештари вақти холии худро ҳамроҳи ҳамсараш дар боғи бунёдкардааш мегузаронад. Онҳоро эҳтимоли ба зудӣ хароб шудани боғи бо заҳматҳои сангин бунёдкардаашон андӯҳгин кардааст. Дар 18 сотих замини он даҳҳо дарахтон, мисли себу зардолуву олучаву шафтолуи пайвандӣ, мева медиҳад.

"Заминро аз мо гирифтанд ва ба як ширкати сохтмонӣ доданд"

Мастибек Фозилбеков дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "аз соли 2010 дар ин боғ кор мекунем. Ин як ҷои бекораву партовпартоӣ буд, ки сабз кардем. Онро ҳам ба мо ҳамту ҳадя накарданд. Соли 2010 писарам ба ҷанги зидди гурӯҳи Алии Бедакӣ ба Тавилдара рафт, баъд ба мо аз ҳукумат номаи расмӣ доданд, ки ҳамин ҷои вайронаро обод карда гиред. Чанд сол мерафтем, ки ҳамин заминро қоидавӣ карда ба мо диҳед, надоданд. Аммо акнун баъди 7 сол сертификати ин заминро ба як зани сардори ширкати сохтмонӣ доданд, ки бинои бисёрошёна созад."

Мастибек Фозилбеков 64-сола ва бознишаста аст. Ӯ қаблан дар "Комбинати маъдани Анзоб" кор кардааст. Ҳоло ҳамроҳи аҳли оилааш дар бинои канори боғи сохтааш зиндагӣ дорад. Ба қавли Фозилбеков, раиси ин ширкат гуфтааст, бар ивази дарахтони ин боғ 8 ҳазор сомонӣ хоҳад дод ва сохтмонро моҳи август оғоз мекунад. Дар ҳоле, ки маблағи ба боғсозӣ масрафкардааш ба маротиб зиёд аст.

"Талош дорам баҳс бо машварат ҳал шавад"

Вале Мавзуна Ашӯрова, раиси ширкати "Султони Суғд" ба Радиои Озод гуфт, ширкаташ то ҳол решакан кардани дарахтону вайрон кардани боғи Фозилбековро талаб накардаааст. Ӯ мегӯяд, талош дорад баҳсро бо роҳи машварат ва созиш ҳал намояд. Ва танҳо "баъди пардохти зарар ва беосеб кӯчонидани дарахтон ба ҷои дигар", сохтмони бино оғоз кунад. Дар ҳоле, ки Фозилбеков танҳо барои истифодаи муваққатии он замин, то замони бунёди бино иҷозатнома дорад.

Хонум Ашӯрова гуфт: "Ман ҳам инсон ҳастам, заҳматҳои он касро нодида намегирам. Ба он кас пешниҳод кардам, ки биёед, хароҷотатонро якҷоя ҳисоб кунем. Идораи экология рафта, хароҷоти он касро 15 ҳазор сомонӣ ҳисоб карданд. Хуб, ман розӣ шудам, ки ба он кас маблағи зиёдтар диҳам, чунки одами кӯҳансоланд. Аммо розӣ нашуданд, гуфтанд, ки ба он кас аз бинои месохтагиам хона диҳам."

Ба қавли Мавзуна Ашӯрова, ширкаташ дар ҷои боғ як бинои 5-ошёнаи истиқоматӣ ва дорои маркази хидматрасонӣ бунёд хоҳад кард. Ҳамчунин дар канори он як маркази дӯзандагӣ низ ҷиҳати ҷалби занони маҳаллӣ ба кор месозад.

Вай мегӯяд, ки дар ин ҷо аз рӯи нақшаи кулли шаҳри Хуҷанд биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ пешбинӣ шудааст ва агар ӯ ҳам бино насозад, каси дигар ин корро мекунад. "Барои ҳамин мо хоҳони онем, ки баҳсамон бо роҳи созиш ҳал шавад",- афзуд Ашӯрова.

Калонсолон бе ҷои сайру гашт мемонанд

Солҳои охир дар Хуҷанд ва шаҳрҳои дигари Тоҷикистон ба ҷои майдончаҳои варзишӣ ва сайругашти ҷавонону калонсолон, ҷои бозӣ барои кӯдакон ва биноҳои баландошёна қад рост мекунанд. Боғҳои дар канори биноҳи бисёртабақа бунёдкардаи сокинонро низ хароб ва ҳамвор мекунанд.

Одатан сокинон заминҳои сахту хароби канори биноҳоро, ки обод нагардида, хавфи ба партовҷо табдил шудани онҳо ҳаст, обод мекунанд. Вале дар бештари мавридҳои харобу ҳамвор кардани он ҷо барои сохтмони нав ба соҳибаш ҷуброни зарари молӣ пардохт карда намешавад.

Ҳуқуқшинос: "Хароб кардани боғ бидуни огаҳӣ қонунӣ нест"

Муҳаббат Ҷӯраева.
Муҳаббат Ҷӯраева.

Қаблан сокинони биноҳое дар маҳаллаҳои 32 ва 13 и шаҳри Хуҷанд ба сохтани биноҳои истиқоматӣ дар бозиҷои кӯдакони дар канори манзилашон монеъ шуда буданд. Ҳуқуқшинос Муҳаббат Ҷӯраева мегӯяд, хароб кардани боғҳое, ки сокинон дар канори биноҳои бисёрошёна бунёд кардаанд, бидуни огоҳии қаблӣ ва пардохти зарари молӣ ба соҳиби боғ аз ҷониби соҳиби нави он замин дуруст ва қонунӣ нест.

Ба гуфтаи Муҳаббат Ҷӯраева соҳиби нави он замин аз рӯи қонун, бояд тамоми товони зарари шахсеро, ки барои ободу сабз гардонидани он замин сарф кардааст, ҳамвор кардан, хоку пору андохтан, ниҳолу ашидани хати барқу об... ҳамаашро пардохт кунад. "Нархи дарахтонро идораи нархгузорӣ таъин мекунад",-афзуд вай.

Эътирози додситонӣ

Зимнан, додситонии вилояти Суғд моҳи декабри соли 2017 бо эътирозномае аз шаҳрдории Хуҷанд талаб кардааст, қарори дар бораи додани ҷои боғи Фозилбеков ба раҳбари ширкати сохтмонӣ барои бунёди бинои 7-ошёнаи истиқоматиро бекор ва сертификати ба раҳбари ширкати мазкур додаи худро, бозхонд кунад.

Дар ин эътирознома гуфта шудааст, ки ҳангоми таҳияи санадҳо барои дар ихтиёри ширкати сохтмонӣ гузоштани замин ҳаҷми зараре, ки аз хароб кардани боғи бунёдкардаи Мастибек Фозилбеков ба ӯ мерасад, нишон дода нашудааст.

Савринисо Фозилбекова.
Савринисо Фозилбекова.

Сокинони маҳаллаи Тиллокон мегӯянд, хароб кардани боғи назди бинои истиқоматиашон онҳоро аз ягона пораи сабз дар канори биноҳову гаражҳои бетонӣ маҳрум мекунад. Дар ҳоле ки ҳавои шаҳр бе ин ҳам тозаву сабук нест.

Дар робита ба ин, соҳиби боғ Мастибек Фозилбеков мегӯяд: "Ба ин ҷо беш аз 100 мошин хоку пору овардем, ки корам шавад... Мақсад ин, ки як ҷои сабзу соя бошад, бачаҳо биёянду меваашро хӯранд, мӯсафедон дар сояаш нишинем. Ман ин ҷо барои худам хонаву дар сохта, девор бардоштанӣ нестам. Ба хотири савоб ин корро кардем."

Вале ба қавли ҳамсари ӯ Савринисо Фозилбекова, эҳтимоли хароб кардани ин боғи бо ҳазор заҳмат бунёдкардаашон онҳоро нигарон медорад. Савринисо Фозилбекова мегӯяд, солҳои аввал ин ҷо об надошт ва онҳо ниҳолҳоро дастӣ, бо сатил об медоданд ва баъд иҷозат гирифта, хатти об кашиданд.

"Вақте ин боғро аз мо гирифтанӣ шуданд, гуфтанд, ки дарахтонатонро буред, шавҳарам бемор шуданд. Зиқ шуданд, фишорашон боло хест, инсулт гирифтанд",-афзуд Фозилбекова.

Дар ҳоле, ки ин гузориш омода мешуд, раиси ширкати "Султони Суғд" Мавзуна Ашӯрова ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баҳси ширкаташ бо Фозилбеков бо роҳи созиш ҳалл нагардид ва бо шикояти соҳиби боғ ба додгоҳ Хуҷанд рафт.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG