Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Беларус як мардро барои гаравгон гирифтани духтараш парронд


Саҳнаи гаравгонгирӣ
Саҳнаи гаравгонгирӣ

Пулиси Беларус як мардро, ки зани ҷавонро дар як бонки шаҳри Заславе гаравгон гирифта буд, ҳадафи тир қарор дод. Вазири дохилии Беларус Игор Шуневич рӯзи 18 июл гуфт, ки ӯ шахсан масъули озодшавии гарвагон буд.

Шуневич ба хабарнигорон гуфт, ки "гаравгон озод ва гаравгонгири эҳтимолӣ маҳв шуд".

Ин мард, ки аз ӯ танҳо Сергей.К ном мебаранд, сокини 46- солаи Заславе аст, ки ба гуфтаи мақомот дар гузашта барои содир кардани ду "ҷинояти ҷиддӣ" зиндонӣ шуда буд.

Кумитаи тафтишоти Балорус рӯзи 19 июл гуфт, ки гаравгони 23-сола духтари Серге.К аст ва онҳо якҷо ба банк ворид шуданд. Ба гуфтаи пулис, гаравгонгири эҳтимолӣ бо корд мусаллаҳ буд ва таҳдид мекард, ки агар дархосташ иҷро нашвад, занро мекушад.

Маълум нест, ки талаби ин мард аз чӣ иборат буд.

Ба гуфтаи вазири дохилӣ ва Кумитаи тафтишот, қабл аз оғози амалиёти махсус ва оташ кушодан ба сӯи ин мард, мақомот ду соат бо ӯ музокирот карданд.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтиш оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG