Пайвандҳои дастрасӣ

FBI Русияро ба талоши эҷоди ихтилоф дар ИМА муттаҳам кард


Раҳбари Бюрои федеролии тафтишот Кристофер Рэй

Русия бо "пахши хабарҳои бардурӯғ, таблиғот ва амалиёти пинҳонӣ, талош дорад дар Ийолоти Муттаҳидаи Амрико мухолифат эҷод кунад". Дар ин бора раҳбари FBI- Бюрои федеролии тафтишоти ИМА Кристофер Рэй хабар дод.

Рэй рӯзи 18 июл дар маросими ифтитоҳи Форуми амниятӣ дар Аспен (аёлати Колорадо) гуфт, ки аз гузориши хадамоти махусуси Амрико дар робита ба дахолати Маскав ба умури интихоботи соли 2016 пуштибонӣ мекунад. Раҳбари FBI ҳамчунин изҳороти президенти Русия Владимир Путинро, ки мегӯяд, ин кори Русия нест, рад кард. "Назари ҷомеаи истихбороти ИМа ба ин масъла таъғир наёфтааст ва ақидаи ман ҳам дигар нашудааст"- гуфт Кристофер Рэй.

Ӯ ҳамчунин пешниҳоди Путин барои иҷозаи бозпурсии 12 афсари боздоштшудаи истихбороти Русия, аз тарафи муфаттишони ИМА, дар ивази бозпурсии якчанд шаҳрвандони ИМА аз тарафи Русияро рад кард. 12 афсари истихбороти Русия ба талоши таъсиргузорӣ ба интихоботи соли 2016 муттаҳам шудаанд. Кохи сафед гуфтааст, ки ин пешниҳодро баррасӣ мекунад, аммо Рэй онро рад кард.

Изҳороти Кристофер Рэй дар пасманзари ҳолате садо дод, ки оё президенти ИМА баҳои ҷомеаи истихбороти Амрико, дар заминаи дахолати Русия ба интихоботи президентии соли 2016-ро қабул мекунад ё не.

Видеоҳои охирин

Баҳои баде, ки Тоҷикистонро ғамгин мекунад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:53 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG