Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як узви ҳукумати Назарбоев дар Порис бо 65 млн евро хона харидааст


Акси тасвирӣ
Акси тасвирӣ

Муовини раиси Кумитаи даромадҳои давлатии Қазоқистон Мади Такиев рӯзи 18 июл дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Остона гуфт, номи шаҳрванди ин кишварро, ки дар шаҳри Порис бо 65 миллион евро хона харидааст, муайян карданд. Вале Такиев бо истинод ба "сирри молиёт" шахсияти ин қазоқистониро ошкор накард.

"Мо ба ҳамтоёни фаронсавии худ дархост фиристодем ва посух низ омад. Вале ба далели он ки андозсупоранда иҷозат намедиҳад, наметавонем шахсияти ӯро эълом кунем. Ин сирри андоз аст. Хона бо роҳи қонунӣ харидорӣ ва андоз аз ин муомила пардохт шудааст. Ӯ даромади худро нишон дод, ки аз он низ андоз пардохт шудааст. Онҳо пулҳои давлат нестанд", - афзуд Такиев.

Пештар расонаҳои хориҷӣ ва дохилии Қазоқистон хабар доданд, ки як узви ҳукумати ин кишвар дар Порис бо 65 миллион евро хона харидааст. Ҳатто маълумот дар бораи макони ҷойгиршавии хона низ нашр шуд.

XS
SM
MD
LG