Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили сарвазири пешини Қирғизистон аз фишор ба зерҳимояаш хабар дод


Нахуствазири пешини Қирғизистон Сафар Исҳоқов
Нахуствазири пешини Қирғизистон Сафар Исҳоқов

Нурбек Токтакунов, вакили дифои сарвазири пешини Қирғизистон Сафар Исҳоқов гуфт, ба нафари таҳти ҳимояти ӯ фишор меоранд.

Ба гуфтаи Токтакунов, ба Исҳоқов пешниҳод кардаанд, ки аз хизматрасонии вакили дифоаш даст кашад. Дар сурати рад кардани ин пешниҳод таҳдид кардаанд, ки як моддаи дигар ба парвандааш илова мешавад. "Корманди КДАМ бо номи Илим, ба Исҳоқов пешниҳод кард, ки аз хизматрасонии вакили дифоъ Токтакунов даст кашад. Исҳоқов аз ин пешниҳод сарпечӣ кард ва аз ман хост, далели таҳдиди ҷониби тафтишотро ошкор созам", - навишт вакили дифоъ дар саҳифаи Фейсбук.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон изҳороти Токтакуновро "дуруғ" ва "таблиғ" меномад.

КДАМ 5 июн Сафар Исҳоқовро дар доираи парвандаи "Навсозии маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек" боздошт кард. Ӯро ба он айбдор карданд, ки "дар давраи роҳбарии шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президент буданаш манфиатҳои ширкати хориҷиро ҳимоят кардааст".

Исҳоқов ин айбҳоро рад мекунад. Вай дар ҳоли ҳозир муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон аст.

XS
SM
MD
LG