Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев: калавиши қурби танга ба некӯҳолии аҳолӣ таъсир надорад


Президент Нурсултон Назарбоев ва раиси Бонки Миллӣ Дониёр Акишев
Президент Нурсултон Назарбоев ва раиси Бонки Миллӣ Дониёр Акишев

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 16 июл раиси Бонки миллии ин кишвар Дониёр Акишевро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора сомонаи расмии президенти Қазоқистон иттилоъ додааст.

Назарбоев гуфт, дар ҳоли ҳозир, дар Қазоқистон барои устувор нигаҳ доштани бозори асъор ва рушди минбаъдаи иқтисоди ин кишвар шароити лозимӣ фароҳам шудааст.

"Бояд ба пасту баландшавии асъор одат кард, вале он бояд дар маҳдудаи муайян бошад. Ин ба беҳбудии аҳолии кишвар таъсир намерасонад", - изҳор дошт Назарбоев.

Ба гуфтаи президенти Қазоқистон, барои дастгирии бонкҳои ин кишвар се триллион танга ҷудо карда шудааст. Назарбоев аз раиси Бонки миллии Қазоқистон хост, бо ҳадафи ҳимояти амонатҳои сокинон аз қаллобиҳои саҳмдорон бахши бонкии кишвараш бодиққат танзим шавад.

Раиси Бонки миллии Қазоқистон гуфт, дар ҳоли ҳозир, вазъ дар бозори молии ин кишвар муътадил аст. "Бар пояи нишондодҳои охири моҳи июни соли 2018 сатҳи таваррум 5,9%-ро ташкил медиҳад. Ин поинтарин нишондод тайи се соли ахир аст. Бонки миллӣ дар назди худ вазифа гузоштааст, ки онро то ба соли 2020 ба 4% бирасонад", - афзуд Акишев.

Се моҳ пеш, моҳи марти соли равон қурби як доллар дар Қазоқистон 318 танга буд. Бонки миллии ин кишвар 16 июл қурби расмии як долларро 343,45 танга нишон додааст.

XS
SM
MD
LG