Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба сохтмони нерӯгоҳи "Даштиҷум" алоқаманд нест


Дарё Панҷ.

Феълан Тоҷикистон мавзӯи сохтмони нерӯгоҳи "Даштиҷум" дар дарёи Панҷро баррасӣ намекунад. Усмоналӣ Усмонзода, вазири захираҳои об ва энергетикаи Тоҷикистон рӯзи 16-уми июл дар нишасти матбуотӣ хабарҳо дар бораи оғози музокирот бо мақомоти Афғонистон дар ин заминаро радд кард. Вай гуфт, "Тоҷикистон феълан ба сохтмони ин нерӯгоҳ дар рӯдхонаи марзии Панҷро аслан баррасӣ намекунад. Ҳоло Тоҷикистон машғули сохтмони нерғгоҳи "Роғун" аст ва дар сурати иҷрои комили ин тарҳ ниёз ба тавлиди нерӯи барқи изофӣ дар кишвар намемонад".

Нерӯгоҳи "Доштиҷум" дар замони шӯравии собиқ тарҳрезӣ шуда, қарор буд солиёна то 4 ҳазор МВт нерӯи барқ тавлид кунад. Интизор мерафт баландии садди обанбори ин нерӯгоҳ то ба 392 метр бардошта шавад. Аммо ба далели ҳалл нашудани масоили тақсими оби рӯдхонаи марзии Панҷ бо Афғонистон, иҷрои ин тарҳ ба таъхир афтод. Пешбинӣ мешуд, ки баъд аз сохтмони обанбори нерӯгоҳи "Даштиҷум" 27 маҳалли аҳолиниш ва ҳудуди 2 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистону Афғонистон зери об монанд.

Видеоҳои охирин

Ахбори Озодӣ аз 17-уми августи соли 2018
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:15:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG