Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харҷи сохтмонҳои давлатиро дар Туркманистон аз ҷайби сокинон мерӯёнанд


Дар вилояти Дашоғузи Туркманистон аз ҳамаи кормандони буҷавӣ талаб доранд, ки маоши моҳи июлро барои сохтмони иншооти вилоят пардохт кунанд. Ин хабар дар ҳоле садо медиҳад, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон раиси вилояти Балкани кишварашро "ба далели роҳ додан ба камбудиҳо" аз мақом барканор кард. Расонаҳои расмӣ навиштанд, ки дар вилояти Балкан ба таври кофӣ иншоот сохта нашудааст.

"Кормандони мақомоти додгоҳӣ, додситонӣ, пулис, амнияти давлатӣ, бахши маориф, фарҳанг, тиб, роҳсозӣ - хулоса ҳамаи кормандони будҷавӣ вазифадор шуданд, ки маоши моҳи июлро барои сохтмони иншооти давлатӣ пардохт кунанд", - гуфт як манбаъ аз вилояти Дашоғуз.

Гуфта мешавад, кормандонро таҳдид кардаанд, ки дар сурати напардохтани маош аз мақом барканор хоҳанд шуд. Ба ҷуз ин, онҳоро огоҳ кардаанд, ки моҳҳои оянда мумкин аст, маошашон сари вақт пардохт нашавад.

XS
SM
MD
LG