Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис кишоварзонро барои камбуди гандум латукӯб кард


Соли 2018 дар хотири Раҳматулло Хоҷамуродов -- кишоварзе аз Қашқадарёи Узбекистон натанҳо бо хушксоливу беҳосилӣ, балки бо таҳқиру латтукӯби пайвааста хоҳад монд. Наборидани борон боиси сӯхтани бист гектар замини гандуми ӯ шуд. Дар натиҷа Раҳматулло натавонист нақшаи давлатиро иҷро кунад. Мақомоти маҳаллӣ барои ҷазо додани кишоварз аз милисаҳо истифода намуданд.

Раҳматулло Хоҷамуродов мегӯяд, Ҷаҳонгир Раҷабов, раҳбари шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қаршӣ барои камбуди гандум ӯро ба наздаш даъват кардаву латтукӯб кард. Баъд ба назди як замини дигар бурд ва дар он ҷо низ маро зери мушту лагад гирифт.

Мақомоти Узбекистон камбуди гандумро дар вилоятҳои ҷанубӣ аз ҳисоби мусодираи гандуми барзиёди заминҳои водии Фарғона ҷуброн мекунанд. Ин маърака низ бо латтукӯби кишоварзон ҷараён мегирад.

Деҳқонон мегӯянд, тақрибан ҳамаи онҳоро ӯ латтукӯб кардааст. Ба нақли онҳо, ин афсари милиса на ба занон ва на ба пиронсолон раҳм намекунад. Абдуҳамид Пардаев, яке аз кишоварзон гуфт, "ин сардори милиса ҳамсоли писари ман аст. Вале маро дар сари замин ва пас аз он дар дохили бинои ҳукумат зад."

Ба гуфтаи Нафиса Кенҷаева, кишоварзи дигар, "12-уми май раиси ноҳияи Қаршӣ моро ба маҷлис даъват намуд. Вақте ман омадам, муфаттиши Чоркул ба рӯям зад. Вақте ман об хостам, Ҷаҳонгир Раҷабов сардори милиса ба сӯям дӯғ зад, ки чӣ ман магар дигар кор надорам? Ва маро зери мушту лагад гирифт. Баъди ин маро ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қаршӣ бурд ва як шабонарӯз ба ҳабс гирифт."

Маъмулан латтукӯби деҳқонон барои иҷро накардани нақшаи давлатӣ бо ризояти мақомоти маҳаллӣ сурат мегирад. Асосан чунин бадрафторӣ баъди маҷлисҳои раҳбарони ноҳияҳо шурӯъ мешавад.

Баҳриддин Тураев кишорвази дигар мегӯяд, "ман ба ӯ чизе гуфтам, ва дар ҷавоб ба рӯям шаппотӣ зад. Вақте боз лаб кушодам, дуюм бор шаппотӣ зад. Моро то ҳаде латтукӯб ва таҳқир мекунанд, ки ҳатто намедонем ба кӣ муроҷиат намоем. Дар ҷаласаҳои ноҳиявӣ моро ба ҷойҳо камодам мебаранд ва мезананд. Дар он ҷо ҳатто раҳбари ноҳия ва прокурор низ ҳаст Ҳамин тавр мо зиндагӣ мекунем ва намедонем ба куҷо шикоят барем."

Кишоварзон дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ
Кишоварзон дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ

Аммо Ҷаҳонгир Раҷабов, сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қаршӣ нахост дар ин мавзӯъ бо хабарнигорони бахши узбекии Радиои Озодӣ сӯҳбат кунад.

Соли ҷорӣ аз хушксоли натанҳо кишварзони Узбекитсон балки деҳқонони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ранҷ мебаранд. Мушкилоти кишоварзони Қашқадарёро камбуди об пеичдатар мекунад.

Раҳматулло Хоҷамуродов, яке аз кишоварзон мегӯяд, "ба ин ҷуйборҳои хушкшуда нигоҳ кунед. То имрӯз мо бояд заминҳои пахтаро як бор обёрӣ мекардем. Аммо то ба ҳол об нест. Паёмадаш чӣ мешавад? Ҳоли моро табоҳтар аз онҳое, мекунанд, ки нақшаи давлатиро иҷро накардаанд."

Мақомоти Узбекистон камбуди гандумро дар вилоятҳои ҷанубӣ аз ҳисоби мусодираи гандуми барзиёди заминҳои водии Фарғона ҷуброн мекунанд. Ин маърака низ бо латтукӯби кишварзон ҷараён мегирад.

XS
SM
MD
LG