Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии дафтари ҳуқуқи башари СММ аз қазияи Хайрулло Мирсаидов


Дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Миёна аз ҳукми додгоҳ дар нисбати Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигор ва раҳбари гурӯҳи КВН, изҳори нигаронии аниқ кардааст. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 11-уми июл Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндон маҳкум карда буд.

"Ҳукми хеле сахт ва ошкоро номуносиб алайҳи Хайрулло Мирсаидов аломати дигари вазъи рӯз то рӯз вазнини озодии баён дар Тоҷикистон аст",-гуфтааст Ришард Коменда, Роҳбари Дафтари минтақавии ҳуқуқи башари СММ дар Осиёи Марказӣ.

Дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Миёна мегӯяд, ки тайи чан соли ахир мақомоти Тоҷикистон таъқиби судии журналистони мустақил, фаъолони ҳуқуқи башар ва адвокатҳоро танҳо барои он, ки онҳо сухан кардаанд ва машғули касби худ будаанд, зиёд намуданд. Ин баёния мегӯяд, ки ин амр боиси сензура ва аз кор мондани расонаҳои хабарии мустақил шудааст.

Дафтари ҳуқуқи башари СММ аз Тоҷикистон даъват кардааст, ки ӯҳдадориҳои байналмилалии худро дар бахши ҳуқуқи инсон иҷро кунад ва дар ҳукми Мирсаидовро бознигарӣ кунад.

Аз ин қабл кишварҳо ва созмонҳо ва созмонҳои дигари байналмилалӣ аз ҳукми додгоҳ дар нисбати Мирсаидов нигаронӣ намуда ва хостори бозбинии парвандаи ӯ шуданд.

Мирсаидов рӯзи 5-уми декабри соли 2017, баъди он дастгир шуд, ки дар як изҳорот дар интернет иддао кард, сардори собиқи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Суғд Олим Зоҳидзода барои қабули ҳисоботи хароҷоти КВН аз ӯ ҳазор доллар ришва талаб дорад.

XS
SM
MD
LG