Пулиси Афғонистон мегӯяд, як маргталаби эҳтимолиро, ки ба макони тазоҳуроти Кобул наздик шуд ва мехост худро мунфаҷир кунад, аз байн бурд.
Сухангӯи пулис Ҳашмат Станекзай гуфт, ин мард рӯзи 16 июл дар минтақаи боғи Шаҳри Нав ҳадафи тири пулис қарор гирифт. Ба гуфтаи сухангӯи пулис, маргталаб вақти боздошт зинда буд, аммо бар асари захмҳои бардошта ҳалок шуд.
Маргталаби эҳтимолӣ тазоҳуроти зидди ҳукуматро ҳадаф қарор дода буд, ки бозгашти ноиби раиси ҷумҳур Абдул Рашид Дустумро талаб мекарданд.
Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ рӯзи 15 июл аломат дод, ки Дустум шояд ба наздикӣ баргардад.
Ҳодисаи Кобул дар ҳоле ҷараён гирифт, ки дар пайи ҳамлаи маргталабона ба Вазорати эҳёи деҳот ва рушд дар Кобул, 7 нафар кушта ва 15 тани дигар захм бардошт. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" бар дӯш гирифт.