Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони хориҷаи Осиёи Марказӣ дар Иссиқкӯл ҷамъ мешаванд


Иссиқкӯл фароғатгоҳи маъруф дар Қирғизистон аст
Иссиқкӯл фароғатгоҳи маъруф дар Қирғизистон аст

Рӯзҳои 20-22 июл дар Иссиқкӯли Қирғизистон ҷаласаи вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Хабаргузории ТАСС бо такя ба вазорати хориҷаи Узбекистон хабар дод, ки дар ҷаласаи мазкур қарор аст тавофуқоти рӯзи 15 марти соли ҷорӣ дар Остона дар нишасти президентони кишварҳои Осиёи Марказӣ бадастомада баррасӣ шавад. Дар мулоқоти он рӯз президентони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва раиси парлумони Туркманистон Оқҷа Нурбердиев иштирок карданд.

Мулоқоте, ки бо ташаббуси президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор шуд, бо ҳадафи баррасии ҳамкориҳову ҳамоҳангсозии барномаҳои кории миёни раҳбарони кишварҳои минтақа роҳандозӣ шудааст. Ин ҳамоишро “ташаббуси Мирзиёев” ҳам меноманд, ки соли 2016 баъди даргузашти Ислом Каримов дар интихоботи президентӣ пирӯз шуд ва талош дорад ҳамкориҳои минтақавии кишварҳои Осиёи Марказиро зинда кунад.

Дар Остона президентон масоили мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои созмонёфта ва маводи мухаддирро баррасӣ карданд. Мирзиёев дар ин мулоқот ба ҳамкориҳои беҳтари иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла ҳамкориҳои нақлиётӣ ва таъминотӣ даъват кард.

XS
SM
MD
LG