Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо ба ҷилавгирӣ аз оғози ҷанги тиҷоратӣ даъват кард


Доналд Туск

Раҳбари Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск аз ИМА, Русия ва Чин даъват кард, ба ҷанги пурхароҷоти тиҷоратӣ, ки низоми байналмилалӣ ва суботи ҷаҳонро баҳам мезанад роҳ надиҳанд.

Туск субҳи 16 июл гуфт, "ҳанӯз фурсат барои пешгирӣ аз низоъ ва бетартибӣ" вуҷуд дорад ва вазифаи ҳамаи тарафҳост, ки барои ҷилавгирӣ аз муқовимат талош кунанд".

Изҳороти Туск ба президенти ИМА Доналд Трамп ва Владимир Путин, президенти Русия ва мулоқоти ин ду раҳбар дар Ҳелсинки равона шудааст.

Туск эътироф кард, ки ҷаҳон ба ислоҳоти тиҷоратӣ ниёз дорад, аммо гуфт, ин раванд бояд бидуни ҷанги тиҷоратӣ ҷараён бигирад.

Президенти ИМА таҳдид кард, ки агар Чин, ба гуфтаи ӯ, сиёсати ноодилонаи тиҷоратиашро дигар накунад, Амрико ба маҳсулоти бештар аз $500 миллиард боҷи иловагӣ ҷорӣ мекунад. Чин гуфтааст, ки дар сурати ҷорӣ шудани таруфаҳои иловагӣ ҳисобашро бо Амрико баробар хоҳад кард.

Таҳлилгарон мегӯянд, дар пасманзари даъвоҳои тиҷоратӣ бо ИМА ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки Чин аз пайи таъсиси як эътилофи зидди Амрико шавад.

Видеоҳои охирин

Дастурхони хоксоронаи зани тоҷик дар Иди Қурбон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:17 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG