Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: "Иттиҳодияи Аврупо дар тиҷорат душмани мост"


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии CBS аз Иттиҳодияи Аврупо, Чин ва Русия ба унвони "душманон ва рақибон"-и тиҷоратии Амрико ёд кард. Раиси ҷумҳури Амрико бо баёни ин, ки ин ба он маъно нест, ки онҳо бад ҳастанд, гуфт, онҳо дар тиҷорат бо мо рақобат мекунанд.

Оқои Трамп аз Иттиҳодияи Аврупо ба унвони муттаҳиди наздики Амрико ёд кард ва гуфт, онҳо дар заминаи тиҷорӣ аз Иёлати Муттаҳидаи Амрико истифода мекунанд, аммо харҷи НАТО-ро намепардозанд. Вай аз Олмон ба унвони мушкилзотарини онҳо ном бурд.

Қисмати зиёди гази мавриди ниёзи Иттиҳодияи Аврупо аз Русия таъмин мешавад. 41 дарсади гази аврупоиҳоро Русия таъмин мекунад.

Дар пайи ин суханон, Доналд Туск, раиси Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо дар вокуниш дар "Твиттер"-и худ навишт, ки "Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо беҳтарин дӯстон ҳам ҳастанд, ва ҳар касе, ки мегӯяд мо душман ҳастем, ахбори дурӯғ пахш мекунад."

Муовини раиси Комиссияи Аврупо Франс Тиммерманс рӯзи 15-уми июл дар Твиттер"-и худ навишт, "душман хондани беҳтарин дӯстон, танҳо душманон хушҳол месозад."

Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо дар ҳафтаҳои гузашта бар сари афзоиши таруфҳои воридоти коло бо якдигар дучори ихтилоф шудаанд. Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин Чин ва Русияро низ душманони Амрико дар тиҷорат донистааст.

Доналд Трамп ахирин ба яке аз иқтисодҳои бузурги Аврупо, яъне Олмон ҳамлаҳои шадиди лафзӣ намуда, ин кишваррро ба "асир"-и Русия шудан муттаҳам намуд. Аммо расонаҳо ва таҳлилгарон сабаби мавзеъгирии тунди Доналд Трамп ва ҳамлааш ба ҳукумати Олмонро аз ду ҷанба -- ҷанбаи шахсӣ ва аз назари стратегӣ баррасӣ карданд. Аз ҷумла рӯзномаи бритониёии "Guardian" дар таҳлиле навишт, ки аз ҷанбаи шахсӣ Ангела Меркел аз оғоз робитаи на он қадар хубе бо Трамп барқарор накарда ва назари манфиаш нисбат ба ӯро ҳам пинҳон накардааст.

Ва дувум, аз нигоҳи стратегӣ, ки ба гуфтаи коршиносони ин рӯзнома, масъалаи бастани қарордоди Олмон бо Русияро барои Доналд Трамп бузург мекунад -- раиси ҷумҳури Амрико дар пайи ба вуҷуд овардани ҷойҳои корӣ ва муштариён барои ширкатҳои амрикоӣ аст ва таъмини газ аз сӯи Русия ин фурсатро аз Амрико мегирад.

Тибқи қарордод байни Берлин ва Маскав ба арзиши 11 миллиард доллар, гази Русия аз тариқи лӯла, ки аз зери баҳри Балтика мегузарад, ба Олмон хоҳад расид. Ин лӯлаи газ қарор аст авохири соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Қисмати зиёди гази мавриди ниёзи Иттиҳодияи Аврупо аз Русия таъмин мешавад.

41 дарсади гази аврупоиҳоро Русия таъмин мекунад, сипас Норвегия бо 35 дарсад, Африқои шимолӣ бо 12 дарсад ва саранҷом Қатар, ки бо саҳми 12 дарсадӣ, гази моеи мавриди ниёзи Иттиҳодияро ба он мерасонад. Ин дар ҳоле аст, ки ба гузориши хабаргузориҳо, саҳми Амрико дар бозори гази моеи Аврупо аз шаш дарсади дар соли гузашта ба як дарсад дар соли ҷорӣ коҳиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG