Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса-қаҳрамони футболи ҷаҳон.Видео


Пирузии тими миллии Фаронса дар Лужники дар Маскав
Пирузии тими миллии Фаронса дар Лужники дар Маскав

Фаронса барандаи Ҷоми ҷаҳон-2018 шуд. Дар бозии даври ниҳоӣ, ки дар варзишгоҳи "Лужникӣ"-и шаҳри Маскав баргузор гардид, фаронсавиҳо мунтахаби Хорватияро бо ҳисоби бузурги чаҳор бар ду шикаст доданд.

Голи аввалро дар ин дидор, дар дақиққаи 18-уми қисми аввали бозӣ ҳамлагари тими миллии Хорватия, Марио Манҷукич вориди дарвозаи худ намуд. Баъди ин гол фаронсавиҳо ба пеш баромаданд. Баъди 10 дақиқа, дар дақиқаи 28-ум ҳамлагари дигари мунтахаби Хорватия Иван Перешич ба дарвозаи Фаронса ворид кард ва ҳисобро баробар намуд.

Дар дақиққаи 38-уми бозӣ довар ба дарвозаи мунтахаби Хорватия ҷаримаи ёздаҳметрӣ таъйин намуд ва Антуан Гризман онро ба ҳадаф расонд.

Қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 2-1 ба фоидаи дастаи Фаронса ба анҷом расид. Дар дақиққаи 59-уми бозӣ нимҳимоятгари мунтахаби Фаронса, Пол Погба бо зарбаи қавие голи севуми дастаашро ба дарвозаи хорватҳо зад.

Баъди шаш дақиқаи дигар ҷавонтарин ситораи футболи Фаронса, Киллиан Мбапе голи чаҳуруми Фаронсаро ба ҳадаф расонд ва то андозае интригаро дар ин дидор аз миён бурд.

Дар дақиқаи 69-уми бозӣ Марио Манҷукич аз иштибоҳи дағали дарвозабони дастаи Фаронса истифода кард ва гол ба ҳадаф расонд, вале ин голи задаи ӯ натавонист, барои мусовӣ кардани ҳисоб ба хорватиҳо кӯмак кунад.

Ҳамин тариқ афсонаи мунтахаби Хорватия дар Ҷоми ҷаҳон-2018 ба анҷом расид ва мунтахаби Фаронса дар таърихи ҳастии худ маротибаи дуюм сазовори унвони қаҳрамони ҷаҳон шуд. Бори аввал ин даста дар соли 1998 Ҷоми ҷаҳонро ба сар бардошта буд. Соли 2006 то даври ниҳоӣ баромад, вале баъди корти сурх гирифтани капитани тим Зайниддин Зидан бозиро бар мунтахаби Италия бохтанд.

Ду сол қабл дар финали Ҷоми Аврупо, дар майдони худ аз Португалия шикаст хӯрд. Дар арафаи ин финал пешгӯиҳо гуногун буданд, аммо пешбинии Мария, уштури боғи ҳайвоноти Душанбе дуруст баромад.

Уштур Мария пирӯзии Фаронсаро пешгӯӣ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

XS
SM
MD
LG