Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп аз мулоқот бо Путин интизороти зиёд надорад


Доналд Трамп дар яке аз майдонҳои бозии Голф
Доналд Трамп дар яке аз майдонҳои бозии Голф

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ки аз мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар рӯзи 16-уми июл интизороти зиёд надорад. Доналд Трамп дар мусоҳибае, ки рӯзи 15-уми июл телевизиони Си Би Эс нашр кард, мегӯяд, ки “Ман бо интизороти каме ба гуфтӯгу меравам”.

Ба гуфтаи ӯ мумкин аст, аз мулоқот “ҳеҷ чизи бад” ва ё шояд баъзе чизҳои хубе ҳосил шаванд. Раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ки масъалаи 12 маъмури иттилоотии русро бо Владимир Путин дар миён мегузорад, ки онҳоро Амрико ба дахолат ба ҷараёни интихоботи соли 2016 муттаҳам мекунад.

Мулоқот дар шаҳри Ҳелсинки дар Финландия баргузор мешавад. Ҳукумати Русия иддаҳо дар бораи дахолат ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Амрикоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG