Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовири Хоманаӣ гуфт, аз Амрико "иҷоза намепурсем"


Алиакбар Вилоятӣ
Алиакбар Вилоятӣ

Яке аз мушовирони баландпояи Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, тахмини Доналд Трамп дар бораи саъйи Эрон барои созиш бо Амрикоро рад кард.

Алиакбар Вилоятӣ рӯзи 13-уми июл зимни сафар дар Маскав, ҳамчунин тақозоҳои Амрикову Исроил барои хориҷ кардани нерӯҳои Эрон аз Сурияро рад кард. Вай гуфт, чунин кор замоне мешавад, ки Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия бихоҳад.

Ба қавли Алиакбар Вилоятӣ “Эрон ба инҷо бе иҷозаи Амрико омадааст ва ҳеҷ гуна талаби онҳоро иҷро намекунад”. Алиакбар Вилоятӣ рӯзи 12-уми июл бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия сӯҳбат дошт.

Мулоқоти онҳо як рӯз баъд аз мулоқоти Путин бо Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил сурат гирифт. Нетаняҳу аз раиси ҷумҳури Русия хостааст, ба Эрон бигӯяд, то ки нерӯҳояшро аз Сурия хориҷ кунад.

Бино ба гузоришҳо, мумкин аст, Доналд Трамп зимни мулоқот бо Владимир Путин дар Ҳелсинки дар рӯзи 16-уми июл масъалаи ихроҷи размандагони тобеи Эрон аз манотиқи марзии Сурия бо Исроилро матраҳ кунад.

XS
SM
MD
LG