Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки ҷаҳонӣ: "Шароити минтақавӣ ба нафъи иқтисоди Тоҷикистон аст". ВИДЕО


Дар ҳоле, ки Тоҷикистон ва Узбекистон барои доду гирифти маҳсулот миёни ду кишвар маҳдудиятҳоеро роҳандозӣ кардаанд, Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши тозаи худ дар робита ба рушди иқтисодии Тоҷикистон навиштааст, ки Душанбе метавонад аз шароити нави минтақавӣ, яъне боз шудани марзҳо бо ҳамсояи худ фоида бигирад.

Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши тозаи худ гуфтааст, ки барои рушди иқтисодии Тоҷикистон ин кишварро зарур аст аз шароити нави минтақавӣ, аз ҷумла, боз шудани марзҳо бо Узбекистон пурсамар истифода кунад. Ин созмони молии байналмиллалӣ ҳамчунин гуфтааст, ки бозори Тоҷикистон танҳо 9 миллион нафарро дар бар мегирад ва истифода аз бозшавии марзҳои Узбекистон, ин барои Тоҷикистон бозореро боз мекунад, ки то 100 миллион доллар фоида оварад.

Ҳоло аз чор се ҳиссаи сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистонро сармоягузории давлатӣ ташкил медиҳад.

Ян-Петер Олтерс, намояндаи доимии БҶ дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба ин далел, Тоҷикистон имкон дорад бозори бузургеро касб карда, саноат ва кишоварзиву хадамоташро бо ҷалби сармояҳои хориҷӣ, беҳбуд бахшад.

Ян-Петер Олтерс, намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 13-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки шароити нави минтақавӣ имкон медиҳад, ки иқтисоди Тоҷикистон ба пешрафти чашмрасе даст ёбад, зеро барои тавлидоти худ бозори бамаротиб бузургтареро пайдо мекунад.

Вай афзуд, мақомоти Тоҷикистонро зарур аст шароитеро фароҳам кунад, ки ширкатҳои дохилӣ фоидаи аз тиҷорат ба даст омадаро ба рушди фаъолияти худ истифода кунад. Ба гуфтаи Ян-Петер Олтерс, дар ҳоле, ки сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон коҳиш ёфтааст, ширкатҳои дохилӣ бо дарназардошти афзоиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирон корӣ ва суди ба даст омада аз фаъолияташон, метавонанд танҳои манбаи асосии сармоягузорӣ ба рушди тавлидот бошанд.

Ян-Петер Олтерс, намояндаи доимии БҶ дар Тоҷикистон.
Ян-Петер Олтерс, намояндаи доимии БҶ дар Тоҷикистон.

Марзи Узбекистон бо Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ дар ҷараёни сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Душанбе боз шуд. Тибқи омори расмӣ, дар се моҳи аввали баъд аз боз шудани марзҳо ду кишвар ба маблағи беш аз 95 миллион доллар тиҷорат кардаанд, ки дар муқоиса бо як соли қабл 5 маротиба бештар мебошад.

Аммо баъд аз тиҷорати озоди сокинони ду кишвар дар се моҳи аввал ҳам Душанбе ва ҳам Тошканд дар табодули маҳсулот маҳдудиятҳоеро роҳандозӣ карданд. Тоҷикистон муқаррар кард, ки шаҳрвандон метавонанд аз кишвари ҳамсоя на бештар аз 40 килограмм маҳсулот ворид созанд ва интиқоли тухми мурғ комилан манъ шуд. Тошканд ин меъёрро дар ҳаҷми 10 килограмм муайян кард.

Алмос Сайфиддинов, муассисаи саҳфаи интернетии Навидҳои иқтисодии Тоҷикистон 13-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки боз шудани марзҳо бо Узбекистон дар зиндагии сокинони ду кишвар як саҳфаи наверо оғоз кард. Зеро, ба гуфтаи вай, дар канори азсаргирии дидори хешовандон, сокинони ду кишвар ба тиҷорати наздимарзӣ шурӯъ карданд.

Дар посух ба ин савол, ки оё ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо дар интиқоли миқдорӣ маҳсулот аз марз хилофи муқаррароти тиҷорати озодӣ байналмиллалӣ дар ҷаҳон нест, Алмос Сайфиддинов гуфт, ҳар кишваре дар ҷаҳон аз ҳаққи ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо дар тиҷорат бо кишваре бархӯрдор аст.

Ба гуфтаи ин коршинос, "аммо дар мавриди маҳдудиятҳо дар муомилоти маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Узбекистон бояд муқаррароти тиҷорати озоди байналмилалӣ бояд роиҷ бошад. Мақомот ва коршиносони ду кишварро зарур аст дар атрофи ин мушкил музокиротро оғоз карда, ба натиҷае бирасанд. Зеро, тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ба фоидаи ҳам сокинони Тоҷикистон ва Узбекистон мебошад".

Бонки ҷаҳонӣ роҳҳои рушди иқтисоди Тоҷикистонро нишон дод
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:05 0:00

Тибқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ, дар соли 2017 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон 14.3 дар сад коҳиш ёфтааст. Масъулони Бонки ҷаҳонӣ зимни баррасии вазъи иқтисодии минтақа рӯзи 13-уми уми июл гуфтанд, ки сабаби аслии кам шудани сармоягузорӣ, идомаи бӯҳрони бонкӣ ва боқӣ мондани нобоварии сармоягузорони хориҷӣ аст.

Новобаста ба тадбирҳои давлати Тоҷикистон дар мавриди ҷалби сармояи хориҷӣ, ин тамоюл ба самти манфӣ идома кардааст. Ҳоло аз чор се ҳиссаи сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистонро, сармоягузории давлатӣ ташкил медиҳад.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар бораи рушди иқтисоди Тоҷикистон гуфтанд, ки вуҷуди мушкили ҳалношуда сабаби ба кундӣ рушд кардани бахши хусусӣ шудааст. Паст кардани сатҳи камбизоатӣ ҳам ба гуфтаи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, ба кундӣ ҷараён дорад ва тадбирҳои андешида сатҳи камбизоатиро то 29.5 дарсат коҳиш додааст.

Дар ин нишаст гуфта шуд, ки боз шудани марзҳо миёни кишварҳои ҳамсоя, сабаби коҳишёбии таварум дар Тоҷикистон дар соли гузашта ва нимсолаи аввал шудааст. Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ дар бораи вазъи имрӯзаи иқтисоди Тоҷикистон ҳамчунин гуфтанд, ки дар шароити феълӣ беш аз 50 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил кардани қарзи берунаи Тоҷикистон, барои кишвар хавф дорад. Зеро ба бовари онҳо, Тоҷикистон тавони пардохти ин қарзҳоро тақрибан надорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG