Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти ҳокими пешини Самарқанд баъд аз ҷаласаи ЮНЕСКО


Ҳокими вилояти Самарқанд

Раиси пешини вилояти Самарқанд Туроб Ураев ва муовини ӯ дар умури рушди саноат, сохтмон ва коммуникатсия Утрик Абдуллоев рӯзи 10 июл боздошт шуданд.

Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, бар зидди Ҷураев парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Ба гуфтаи мудири яке аз ширкатҳои сохтмонии Самарқанд ва як корманди маъмурияти шаҳр, Ҷураев ва муовини ӯ дар гирифтани пора аз ширкати бинокоре айбдор мешаванд, ки дар минтақаи зери сарпарастии ЮНЕСКО хонаҳои 7-9-ошёна бунёд кардааст.

Бино ба гуфтаи мудири як ширкати бинокори Самарқанд, раиси пешини вилоят ва муовини ӯро дар асоси баёноти соҳибкороне дастгир карданд, ки дар робита ба бунёди биноҳои баландошёна дар қисми таърихии вилоят таҳти бозҷӯӣ қарор доранд.

Раҳбарияти Узбекистон ба бунёди ғайриқонунии биноҳои баландошёна дар қисми таърихии Самарқанд баъд аз матраҳ шудани он дар ҷаласаи 42-уми Кумитаи мероси фарҳангии ЮНЕСКО таваҷҷуҳ зоҳир кард. Сарвазир Абдулло Орифов рӯзи 23 июн баъди боздид аз Самарқанд дастур дод, биноҳои нави баландошёнаро, ки ба ивази ришва бунёд тахриб кунанд.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев Туроб Ҷураевро 13 июни соли 2017 раиси вилояти Самарқанд таъйин карда буд. Дар замони президентии Ислом Каримов ӯ ба вилоятҳои Сурхандарё ва Қашқадарё раҳбарӣ кардааст. Ҷураев солҳои 2004-2008 вазири маорифи Узбекистон буд.

Видеоҳои охирин

Хонуме ширкати таксиро бо истифодаи аксаш дар реклама муттаҳам мекунад
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:26 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG