Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Reuters: Нетаняҳу аз Путин мехоҳад, "Эронро аз Сурия берун кунад"


Бенямин Нетаняҳу

Сарвазири Исроил Бинямин Натаняҳу дар мулоқоти рӯзи 11 июл бо президенти Русия Владимир Путин дар Москва гуфт, ки дар сурати аз Сурия берун шудани нерӯҳои Эрон, Исроил ба идомаи ҳукумати Башор Асад мухолифат намекунад.

Дар ин бора хабаргузорим Reuters бо такя ба як мақомдори баландпояи Исроил хабар дод. Ба гуфтаи ин мақомдор, Натаняҳу ба Путин гуфтааст: "Мо зидди режими Асад мубориза намебарам ва шумо эрониҳоро берун меронед". Ин иттилоъ расман тасдиқ нашудааст.

Сомонаи расмии Кремл хабар медиҳад, ки Натаняҳу дар мулоқот бо Путин гуфтааст, барои Исроил мушкили ҳузури Эрон дар Сурия бисёр муҳим аст.

Дар моҳҳои охир Исроил чанд маротиба ба иншооте дар Сурия зарба зад, ки низомиёни Эрон онҷо ҳузур доштанд. Дар бораи даҳҳо низомии кушташуда низ хабар расид.

Расонаҳо ҳамчунин ахиран навиштанд, ки мавзуи ҳузури Эрон дар Сурия дар мулоқоти президентҳои Русия бо ИМА дар Ҳелсинкӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

"Мардум аз ҳукмҳои вазнин шикоят доранд"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG