Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон 625 қазоқтаборро аз Чин берун меорад


Кайрат Абдураҳмонов - вазири умури хориҷии Қазоқистон
Кайрат Абдураҳмонов - вазири умури хориҷии Қазоқистон

Кайрат Абдураҳмонов, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки масъалаи бекорсозии манъи хуруҷи 625 қазоқтабор аз Чин дар баррасӣ баррасӣ қарор дорад. Вазир дар ин бора рӯз 10 июл ба хабарнигорон сӯҳбат кард. Қазоқтаборҳо аз нақзи ҳуқуқҳояшон дар Чин шикоят доранд ва мегӯянд, ки мақомоти он кишвар онҳоро таҳти фишор қарор додааст.

Абдураҳмонов аз Сайрагул Сауитбой, як қазоқтаборе ёдовар шуд, ки бо айби убури ғайриқонунии марзи Қазоқистон муҳокима мешавад.

"Мо дар ин масъала ҳам бо ҷониби Чин гуфтугӯ дорем. Бо вазири корҳои хориҷии Чин Ван Им суҳбат кардам. Мо ҳуқуқҳои шаҳрвандони Қазоқистонро ошкоро ва шаффоф баррасиву ҳимоя мекунем", - гуфт Абдураҳмонов.

XS
SM
MD
LG