Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Душанбе як зани маст пушти фармони мошин боздошт шуд


Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе як зани сархуш дар пас фармони мошинро боздошт кардааст. Тибқи иттилои сомонаи пулиси шаҳри Душанбе, ин хонум Ситора Раҳимова, сокини пойтахти Тоҷикистон будааст, ки дар ҳолати сархушӣ сари фармони мошини "Лассети" менишаст. Дар маҷмӯъ, маъмурони БДА дар як ҳафтаи ахир 6 ронандаи сархуш дар паси фармони мошинро боздошт кардаанд.

Тибқи тағйирот дар қонуни ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки соли гузашта тасвиб шудааст, ронандаҳои сархуш ба мӯҳлати то 10 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум мешаванд. Қаблан ин ҷазо баробари ду сол буд. Ҳамчунин ронандаҳо ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ҷарима ё ба мӯҳлати 15 шабонарӯз ба ҳабс гирифта мешаванд. Дар 10 соли ахир дар роҳҳои Тоҷикистон ҳудуди 16 ҳазор садамаҳои нақлиётӣ рух додааст, ки дар пайи онҳо ҳудуди 4,5 ҳазор нафар сокинон ҷони худро аз даст додаанд.

Видеоҳои охирин

Роҳгузарон: ТВ-и Тоҷикистон таъриф мекунад, аз мушкилот намегӯяд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:51 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG